Коршиносон: ВАО дар Тоҷикистон нерӯи сиёсии сеюм аст

Зимни конфронс дар мавзӯи «Мушкилоти ташаккули журналистикаи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол» сиёсатшинос Рашид Ғанӣ Абдулло изҳор намуд, ки васоити ахбори умум дар Тоҷикистон нерӯи сиёсии сеюм мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар Тоҷикистон ВАО ба таври қобили мулоҳиза сиёсӣ шудаанд ва бо назардошти таъсири онҳо ба ҷомеа, ҳамчун нерӯи сиёсӣ пас аз президенти кишвар ва зерсохторҳои […]

ASIA-Plus


Зимни конфронс дар мавзӯи «Мушкилоти ташаккули журналистикаи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол» сиёсатшинос Рашид Ғанӣ Абдулло изҳор намуд, ки васоити ахбори умум дар Тоҷикистон нерӯи сиёсии сеюм мебошанд.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар Тоҷикистон ВАО ба таври қобили мулоҳиза сиёсӣ шудаанд ва бо назардошти таъсири онҳо ба ҷомеа, ҳамчун нерӯи сиёсӣ пас аз президенти кишвар ва зерсохторҳои ӯ (нерӯи якум) ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (нерӯи дуюм) мақоми сеюмро ишғол мекунанд.

«ВАО-и мустақил дар Тоҷикистон нерӯи сиёсӣ ва ҳатто метавон гуфт ҳизбанд ва дар ташаккули афкори сиёсии аҳолӣ саҳм мегузоранд. Хонандагони асосии ВАО-и тоҷик он қишри аҳолӣ аст, ки хоҳони зиндагии осудаву обод аст», – иброз дошт ӯ.

Сиёсатшинос гуфт, имрӯз касе ба пирӯзии президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии тирамоҳи соли равон шубҳае надорад. «Дар ин робита мухотаби маводи журналистӣ на ҷомеаву шахсони ҳуқуқӣ ё аҳзоби мухолиф, балки худи президент аст. Дархостҳои худро низ журналистон маҳз ба Эмомалӣ Раҳмон ирсол медоранд», – афзуд номбурда.

Раҷаби Мирзо, директори маркази таҳқиқотии «Бозтоб» дар ин робита таъкид намуд, ки журналистика ҳанӯз аз замони пайдоишаш сиёсӣ буд. Ба гуфтаи ӯ, рӯзномаҳои нахустин дар Тоҷикистон маҳз ба ҳамин хотир рӯйи кор омада буданд, ҳарчанд муддати начандон зиёд фаъолият доштанд.

«Дар рӯзномаи нахустин бо забони тоҷикии «Бухорои Шариф» дар бораи танҳо хизмат ба Ислом будани ҳадафи нашри газета мавод ба табъ мерасид, ҳарчанд муассисон қаблан изҳор карда буданд, ки ба хотири рушди маориф кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод», – зикр кард журналист.

Директори «Медиа-консалтинг» Набӣ Юсуфов қайд кард, ки журналистикаи сиёсӣ ҳамеша аз назари яке аз воситаҳои сиёсатшиносӣ баррасӣ мегардид. Ба қавли ӯ, ахиран дар Тоҷикистон инқилоби расонаӣ дар назар аст.

«Он ба пайдоши шабакаҳои иҷтимоӣ марбут аст. Агар қаблан мо мегуфтем, ки кадом як ВАО-и манфиатдор, аз қабили ҳизбиву давлатӣ ва мухолиф мавҷуданд, ки рӯйдодҳоро якҷониба инъикос мекарданд. Баъдан ВАО-и мустақил рӯйи кор омада, ду ё се нуқтаи назар ба як рӯйдодро инъикос мекарданд, вале бо пайдоиши шабакаҳои иҷтимоӣ мо нисбати як рӯйдод ҳазорҳо нуқтаи назарро дида метавонем», – иброз дошт коршинос.

Аммо Юсуфов мутмаин аст, ки фарҳанги нокомили иқтисодиву сиёсӣ баъзан ба нооромиҳои оммавӣ ва ғайри қобили назорат боис шуда метавонад, ки дар кишварҳои арабӣ ба вуқӯъ пайваст.

Конфронс аз ҷониби намояндагии Фонди Эберт дар Тоҷикистон, гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ва Ташкилоти ҷамъиятии «Медиа-консалтинг» созмон дода шуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.