Дархости маҳбусони зиндони Хуҷанд Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев дар бораи рад шудани айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи ҷиноятиашонро суд қонеъ намуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати маҳбусон Файзинисо Воҳидова хабар дод, қабл аз оғози мурофиаи судӣ Тошев аз суд дархост намуд, ки иштироки айбдоркунандаи давлатӣ, прокурори назоратбари иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ Нусратулло Рухсатуллоев рад карда шавад.
«Дархост бинобар сабаби иштироки прокурор дар истифодаи зӯроварӣ нисбати маҳкумшудагон ва беамалии ӯ зимни баррасии шикояти маҳбусон аз болои амалҳои ғайриқонунии кормандони муассисаи ислоҳии низомаш шадиди ЯС 3/3-и шаҳри Хуҷанд пешниҳод гардид», – иброз дошт Воҳидова.
Ба гуфтаи ӯ, дархост аз ҷониби судяи суди шаҳри Хуҷанд Мусулмон Шарифов қонеъ гардида, ба ҷониби айбдоркунанда ишора шудааст, ки дар ҷаласаи навбатии судӣ ҳатман иштироки айбдоркунандаи давлатии дигарро таъмин намоянд. Ҷаласаи навбатии судӣ бояд имрӯз баргузор гардад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 25-уми июл дар шаҳри Хуҷанд
мурофиаи додгоҳӣ
нисбат ба маҳбусони муассисаи ислоҳии низомаш шадиди ЯС 3/3-и шаҳри Хуҷанд Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев оғоз гардид, ки тирамоҳи соли гузашта аз Душанбе ба Хуҷанд фиристода шуда буданд.
Маҳбусон тибқи моддаҳои 332, қ. 2 (Кирдорҳое, ки кори ҷойҳои маҳрумият аз озодиро номураттаб месозанд) ва 346, қ. 2 (Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешаванд.
Пешниҳоди
маълумоти бардурӯғ ва навори видеоии сохташуда ба ВАО
ба кушодани ин парванда асос шудааст, ки дар онҳо осори лату кӯб ва шиканҷаи онҳо аз ҷониби кормандони муассисаи ислоҳӣ наворбардорӣ шудааст.
Тошев ва Ризоев дар қатори як гурӯҳ маҳбусон тирамоҳи соли гузашта пас аз марги маҳбус Ҳамза Икромзода аз муассисаи ислоҳии №1-и Душанбе ба муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуданд.



