Афзоиши шумори занҳои машғул ба фоҳишагарӣ дар Тоҷикистон

Нимсолаи аввали соли равон 1 ҳазору 597 нафар занони машғул ба фоҳишагарӣ дар Тоҷикистон ошкор карда шуданд, ки 47 нафарашон ноболиғон мебошанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Сумангул Тағоева хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳамасола шумори чунин занон дар ҷумҳурӣ меафзояд. Барои муқоиса […]

Маҳпора Киромова


Нимсолаи аввали соли равон 1 ҳазору 597 нафар занони машғул ба фоҳишагарӣ дар Тоҷикистон ошкор карда шуданд, ки 47 нафарашон ноболиғон мебошанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Сумангул Тағоева хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамасола шумори чунин занон дар ҷумҳурӣ меафзояд. Барои муқоиса ӯ маълумоти нимсолаи аввали соли гузаштаро мисол овард, ки он замон дар ҷумҳурӣ 1 ҳазору 349 нафар занони фоҳиша ошкор гардида буданд.

«Ин гуна занон асосан аз навоҳии тобеи марказ ба пойтахт меоянд. Дар ҳамдастӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон барои ошкору пешгирӣ кардани чунин ҳодисаҳо мо бисёр вақт рейдҳои муштарак мегузаронем. Ғайр аз ин, дар тамоми мулоқоту вохӯриҳо дар шаҳру навоҳӣ ба ин масъала ишора мекунем», – гуфт Тағоева.

Ӯ таъкид дошт, ки ҳангоми суҳбат бо ин гуна занон Кумита ба онҳо таҳсил дар курсҳои омӯзиши касбҳо ва ба бархе кори мушаххас пешниҳод мекунад, вале аксари онҳо ҳатто хоҳиши омӯзишро ҳам надоранд.

С.Тағоева изҳор кард, ки дар назди Кумита Маркази дастгирии ноболиғон амал мекунад, ки дар он давоми ним сол равоншиносону ҳуқуқшиносон бо ноболиғони мавриди зӯроварӣ қароргирифта корҳои барқароркуниро анҷом медиҳанд.

«Дар марказ ба онҳо ҳамчунин касбҳои гуногун омӯзонида мешавад. Пас аз мутобиқшавии ин духтарон ба ҳаёти муътадил, онҳо ба оилаҳояшон бармегарданд. Дар Кумита лоиҳаи мазкур аз соли 2009 амал дошта, шурӯъ аз соли 2011 марказ пурра аз ҷониби давлат дастгирӣ мешавад», – гуфт раиси Кумита.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Кумитаи мазкур, тайи солҳои ахир шумори шаҳрвандони гирифтор ба бемории ВИЧ/СПИД афзудааст. Нимсолаи аввали соли ҷорӣ 470 нафар мубталоёни чунин беморӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 нафар зиёдтар аст. Аз ин шумор 182 нафарашон занон ва 54 нафарашон кӯдакони синни то 14-сола мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.