Қарзи хориҷии Тоҷикистон 36 млн. $ кам шуд

Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон 2 млрд. 132,82 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки ба 25,3%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар аст. Дар ин бора зимни нишасти хабарии имрӯза вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов иттилоъ дода, зикр кард, ки ҳаҷми қарзи берунаи кишвар ба аввали соли равон 2 млрд. 169,41 ё худ […]

Заррина Эргашева


Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон 2 млрд. 132,82 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки ба 25,3%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар аст. Дар ин бора зимни нишасти хабарии имрӯза вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов иттилоъ дода, зикр кард, ки ҳаҷми қарзи берунаи кишвар ба аввали соли равон 2 млрд. 169,41 ё худ 28,5% аз ҳаҷми умумии ММД-ро ташкил медод.

Ба гуфтаи вазир, коҳиши ҳаҷми қарз аз ҳисоби пардохти қарзи асосӣ ва фоизҳои «Эксимбонк»-и Чин, Иттиҳоди Аврупо ва дигар қарздеҳон сурат гирифта, дар нимсолаи аввал барои пардохти қарзи асосӣ 56,84 млн. $ ва пардохти фоизҳо – ҳудуди 15,18 млн. $ маблағ равона гардид ва соли 2013 дар маҷмӯъ ҷиҳати пардохти қарзи асосӣ – 100,4 млн. $ ва пардохти фоизҳо – ҳудуди 33 млн. $ маблағ сафарбар мегардад.

«Имрӯз қарздеҳи бузургтарини Тоҷикистон Чин боқӣ монда, аз ҳаҷми умумии қарзи хориҷӣ 891 млн. $ ба ин кишвар рост меояд. Тамоми ин воситаҳо ба сохтмони иншооти зербино дар Тоҷикистон, яъне иқтисодӣ воқеъӣ – бахшҳои энергеткиаву роҳ ва нақлиёт равона гардидаанд. Ҳамаи қарзҳо имтиёзнок буда, мо ҳамроҳ бо «Эксимбонк» ба хулосае расидем, ки муҳлати имтиёзноки пардохти қарзҳо барои Тоҷикистон аз 5 то ба 9 сол дароз карда шавад», – зикр кард ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки дар сохтори сандуқи қарзи хориҷии ҷумҳурӣ ҳаҷми қарзи бевоситаи ҳукумати Тоҷикистон 1 млрд. 930,62 млн. доллари ИМА  худ 22,9% аз ҳаҷми ММД-ро ташкил медиҳад. Боқимонда қарз бо кафолати давлатӣ дар ҳаҷми 16 млн. $ ва қарзҳои корхонаҳои давлатӣ бидуни кафолати давлатӣ ба маблағи 31,52 млн. доллари ИМА мебошанд.

Қарзи Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ, ки аз ҷониби Бонки миллӣ пардохт мегардад, ба 137,6 млн. $ ва қарзи аз Чин гирифтаи Бонки миллӣ ба 17 млн. $ баробар аст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?