Вилояти Хатлон ба гармшавии ҳаво омодагӣ мебинад

Тамоми ниҳодҳои бахши тандурустии вилояти Хатлон тайи як ҳафтае, ки ҳарорати ҳаво баланд мешавад, дар ҳолати омодабош қарор мегиранд. Дар ин бора 26 июл ба хабарнигорон сардори идораи тандурустии вилояти Хатлон Шералӣ Бузмаков хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ин амал бар асоси супориши Вазорати тандурустии кишвар анҷом дода мешавад ва дар доираи он ба тамоми […]

Сайраҳмон Назриев


Тамоми ниҳодҳои бахши тандурустии вилояти Хатлон тайи як ҳафтае, ки ҳарорати ҳаво баланд мешавад, дар ҳолати омодабош қарор мегиранд. Дар ин бора 26 июл ба хабарнигорон сардори идораи тандурустии вилояти Хатлон Шералӣ Бузмаков хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин амал бар асоси супориши Вазорати тандурустии кишвар анҷом дода мешавад ва дар доираи он ба тамоми ташкилоту идораҳои давлатӣ, хоҷагиҳои давлатию фермерӣ тавсия дода шуд, то  кормандони худро бо оби ҷ

ӯ

шонидашуда таъмин созанд.

«Ҳамчунин ба идораи санитарию эпимидиологии вилоят ва шаҳру навоҳии он супориш дода шудаст, ки ба сифати обҳои нӯшокӣ, маҳсулоти хӯроквор

ӣ


 дар бозору дуконҳо ва вазъи санитарии ошхонаю тарабхонаҳо назорат баранд», – гуфт Бузмаков.

Дар навбати худ раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов имрӯз дар рафти нишасти матбуотӣ қайд кард, ки бар асоси маълумотномаи Маркази обу ҳавошиносии кишвар ба ситоди доимамалкунандаи ҳолатҳои фавқулодаи вилоят супориш дода шуд, то ниҳодҳои лозимаро барои пешгирии ҳодисаҳо омода созанд.

Ба гуфтаи Авзалов, дар вилоят ду минтақа хавфнок – ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Фархор ба ҳисоб мераванд, ки дар ин ҷойҳо дар рӯзҳои гармтарин эҳтимолияти баланд шудани сатҳи дарёҳо вуҷуд дорад.

«Ба хотири омода будан ба ҳодисаҳои имконпазир мо захираи басандаи сӯзишворӣ ва дигар масолеҳи сохтмониро, ки барои соҳилбандӣ истифода мешаванд, дорем», – қайд кард Авзалов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?