Ду консерти Оркестри наврасони Осиёи Марказӣ дар Душанбе


Дар доираи барномаи Иттиҳоди Аврупо «Маблағгузорӣ ба инсон», CESVI дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ду консерти Оркестри наврасони Осиёи Марказӣ (ОНОМ)-ро дар Душанбе барпо мекунанд.

Дар иттилоияи намояндагии иА дар Тоҷикистон зикр мегардад, ки оркестр дар доираи лоиҳаи «Мустаҳкамсозии маданияти мусиқӣ дар Осиёи Марказӣ ба воситаи ҳамкории минтақавӣ, ҳамгироӣ ва шабакаҳои байналхалқӣ» таъсисёфта, аз тарафи CESVI амалӣ карда мешавад.

Консерти якум – 27 июли 2013, соати 18.00 дар Филармонияи давлатии шаҳри Душанбе ва консерти дуюм – 28 июл, соати 19:00 дар меҳмонхонаи «Серна»-и пойтахт намоиш дода мешавад.

Оркестр консертҳои хешро дар Душанбе пас аз иштирок дар сафари ҳунарӣ дар шаҳрҳои асосии Қазоқистон ва Қирғизистон намоиш хоҳад дод. Баъди консерт дар Тоҷикистон Оркестр дар сафари ҳунарии 12-рӯза дар мамлакатҳои Италия ва Белгия иштирок хохад кард.

Оркестри наврасони Осиёи Марказӣ аз 54 навозандагони макотиби беҳтарини мусиқии Қазоқистон, Қирғизстон ва Тоҷикистон иборат аст. Мақсади Лоиҳа – мубодилаи таҷриба дар соҳаҳои мусиқӣ ва ҳамгироии фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ ва имконияти пайдо намудани ҷойҳои корӣ, махсусан барои гурўҳҳои озордида ва дорои имконияти маҳдуд. Сарвари Оркестр Маэстро Ҷерардо Колелла, дирижёр ва бастакори итолёвӣ бо таҷрибаи чандинсола дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад.

CESVI (Хамкори ва Рушд), фонди мустақили итолёвӣ, соли 1985 таъсис ёфта, дар соҳаи ҳамфикрии глобалӣ ва ҳамкорӣ байни мамлакатҳо кор ба сар мебарад ва дар Тоҷикистон аз соли 2001 фаъолият мекунад. Ин лоиҳа бо мақсади пешбарии мусиқии классикӣ ва миллӣ дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон тавассути мустаҳкамсозии маданияти мусиқӣ ба воситаи ҳамкории минтақавӣ, ҳамгироӣ ва шабакаҳои байналхалқӣ мебошад.

Лоиха бо ҳамкорӣ бо Мактаби мусиқии кўдаконаи ба номи М. Аминзода дар Тоҷикистон, Мактаби пеш аз профессионалии мусиқии М. Абдраев дар Қирғизистон ва Коллеҷи мусиқии барои кўдакони боистеъдод дар Павлодар, Қазоқистон ва Вазоратхои фарҳанги се давлат амалӣ гардидааст.

spot_imgspot_img

Популярное