Ду консерти Оркестри наврасони Осиёи Марказӣ дар Душанбе

Дар доираи барномаи Иттиҳоди Аврупо «Маблағгузорӣ ба инсон», CESVI дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ду консерти Оркестри наврасони Осиёи Марказӣ (ОНОМ)-ро дар Душанбе барпо мекунанд. Дар иттилоияи намояндагии иА дар Тоҷикистон зикр мегардад, ки оркестр дар доираи лоиҳаи «Мустаҳкамсозии маданияти мусиқӣ дар Осиёи Марказӣ ба воситаи ҳамкории минтақавӣ, […]

ASIA-Plus


Дар доираи барномаи Иттиҳоди Аврупо «Маблағгузорӣ ба инсон», CESVI дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ду консерти Оркестри наврасони Осиёи Марказӣ (ОНОМ)-ро дар Душанбе барпо мекунанд.

Дар иттилоияи намояндагии иА дар Тоҷикистон зикр мегардад, ки оркестр дар доираи лоиҳаи «Мустаҳкамсозии маданияти мусиқӣ дар Осиёи Марказӣ ба воситаи ҳамкории минтақавӣ, ҳамгироӣ ва шабакаҳои байналхалқӣ» таъсисёфта, аз тарафи CESVI амалӣ карда мешавад.

Консерти якум – 27 июли 2013, соати 18.00 дар Филармонияи давлатии шаҳри Душанбе ва консерти дуюм – 28 июл, соати 19:00 дар меҳмонхонаи «Серна»-и пойтахт намоиш дода мешавад.

Оркестр консертҳои хешро дар Душанбе пас аз иштирок дар сафари ҳунарӣ дар шаҳрҳои асосии Қазоқистон ва Қирғизистон намоиш хоҳад дод. Баъди консерт дар Тоҷикистон Оркестр дар сафари ҳунарии 12-рӯза дар мамлакатҳои Италия ва Белгия иштирок хохад кард.

Оркестри наврасони Осиёи Марказӣ аз 54 навозандагони макотиби беҳтарини мусиқии Қазоқистон, Қирғизстон ва Тоҷикистон иборат аст. Мақсади Лоиҳа – мубодилаи таҷриба дар соҳаҳои мусиқӣ ва ҳамгироии фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ ва имконияти пайдо намудани ҷойҳои корӣ, махсусан барои гурўҳҳои озордида ва дорои имконияти маҳдуд. Сарвари Оркестр Маэстро Ҷерардо Колелла, дирижёр ва бастакори итолёвӣ бо таҷрибаи чандинсола дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад.

CESVI (Хамкори ва Рушд), фонди мустақили итолёвӣ, соли 1985 таъсис ёфта, дар соҳаи ҳамфикрии глобалӣ ва ҳамкорӣ байни мамлакатҳо кор ба сар мебарад ва дар Тоҷикистон аз соли 2001 фаъолият мекунад. Ин лоиҳа бо мақсади пешбарии мусиқии классикӣ ва миллӣ дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон тавассути мустаҳкамсозии маданияти мусиқӣ ба воситаи ҳамкории минтақавӣ, ҳамгироӣ ва шабакаҳои байналхалқӣ мебошад.

Лоиха бо ҳамкорӣ бо Мактаби мусиқии кўдаконаи ба номи М. Аминзода дар Тоҷикистон, Мактаби пеш аз профессионалии мусиқии М. Абдраев дар Қирғизистон ва Коллеҷи мусиқии барои кўдакони боистеъдод дар Павлодар, Қазоқистон ва Вазоратхои фарҳанги се давлат амалӣ гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.