Соли равон Иди моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон санаи 8-уми август таҷлил мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази исломии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, соати 8-и субҳи рӯзи 8-уми август дар ҳамаи масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаи кишвар ба муносибати анҷоми моҳи шарифи Рамазон намози Иди Фитр баргузор мешавад.
Маъмулан, дар ин рӯз субҳи зуд кӯдакон бо табрикоти ид ба хонаҳо омада, идона мегиранд. Рӯзи ид пас аз пардохти закот ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона ороста мешавад.
Мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид», Иди Рамазон дар кишвар рӯзи истироҳат эълон шудааст.



