Адвокатҳои Саидов: иттиҳоми таҷовуз ба номус “фармоишист”


Вакили мудофеи Зайд Саидов иброз медорад, ки айбгузорӣ нисбати зерҳимояаш  дар таҷовуз ба номус амали «фармоишист». Вакили мудофеи Саидов – Исҳоқ Табаров сешанбеи 30-юми июл дар нишасти хабарӣ иброз дошт, ки муттаҳам кардани Саидов ба таҷовуз ба номус – амали тарҳрезишудаи мақомоти тафтишотист.



«Духтар гуё хоҳиш карда бошад, ки номи ӯро ифшо накунанд, пас, аз ин бармеояд, ки дар  робита бо ин айбгузорӣ,  суд метавонад паси дарҳои пӯшида доир гардад. Оҷонсӣ азм дорад, парвандаро дар муддати кӯтоҳ қатъ кунад ва ҷомеа Зайд Саидовро фаромӯш созад»,-зикр кард Табаров.

Ҳамчунин ба қавли вакили мудофеи Саидов, Агентии зидди фасод то кунун зерҳимояи ӯро бо «қурбонии таҷовуз ба номус» ба ҳам рӯ ба рӯ накардааст. Табаров хабар дод, ки аризаи шикоятии ҷабрдида беасос аст. Дар он гуфта шудааст, ки Саидов гуё духтари 14-соларо барои бо ҳамхоба шудан ва се маротиба исқоти ҳамл кардан маҷбур кардааст.

Ба қавли вакили мудофеъ, аъризаи модару духтар, ки номашон ифшо намешавад, 16-уми июни соли ҷорӣ ворид ва парванда маҳз аз ҳамин сана боз карда шудааст. «Аммо, мутаасифона, на мо ва на Зайд Саидов ин духтарро то кунун надидаем»,-гуфт Табаров.

Фахриддин Зокиров, адвокати дигари Саидов, ёдовар шуд, ки сардори Оҷонсии зидди фасод Фатоҳ Саидов дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон хабар додааст, ки тафтишоти чандин далелҳо дар фаъолияти собиқ вазир Зайд Саидов ҳанӯз 1,5 сол қабл шурӯъ шудаанд.  «Ин тавр нест. Мо, чун вакилони мудофеъ ва хатто худи Зайд Саидов хам пеш аз ин изҳорот, аз ин кор хабар надоштем»,-таъкид намуд Зокиров.

Вай иттилои Фаттоҳ Саидов дар он бора, ки Зайд Саидов дар вақти вазир буданаш 15 корхонаи мутаалиқи вазоратро аз они худ кардааст, беасос хонд.

«Иттилое, ки Зайд Саидов ҳангоми вазир буданаш 15 корхонаи давлатиро соҳибӣ карда, онҳоро ба номи хешовандон  ва наздиконаш қонунӣ намуда ва пас аз истефояш ба номи худ ба расмият даровардааст, дурӯғи маҳз аст. Ин ҳама тӯҳмату бӯҳтони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон аст. Саидов дар бораи чандин корхонаҳои саноатӣ ҳатто дарак хам надорад»,-иброз дошт ӯ.

Адвокат мегӯяд, ки дар рӯйхати Оҷонсии мубориза бо фасод дар хусуси иншооти воқеъ дар ҳудуди Вазорати фарҳанг дар Душанбе гуфта мешавад, ки онро Зайд Саидов гӯё хусусӣ кардааст, аммо, тавре дар ҷараёни сӯҳбат бо писари ӯ  Хайруллоҳ Саидов маълум гашт, иншооти мазкур на ба Зайд Саидов ва на ба хешовандони ӯ  хеҷ рабте надорад.

Вакили мудофеъ, дар хусуси корхонаи коркарди дубораи санги мармар мутаалиқ ба Латофат- завҷаи Зайд Саидов сухан кушода, зикр кард, ки ин корхона воқеан кор мекунад ва ҳеҷ як иддаое дар нисбати он мавҷуд нест. Лекин корхонаи муштараки  «Апрелевка», ки онро ба Зайд Саидов мутааллиқ мдонанд, умуман ба ӯ рабте надорад.

Зокиров ҳамчунин иттилои дар нишасти хабарии ин Оҷонсӣ ироашударо, ки тибқи он, гӯё Зайд Саидов 72 миллион сомонии маблағҳои давлатиро тасарруф кардааст, дурӯғи рӯирост меҳисобад, чунки ин далел дар парвандаи ҷиноятӣ дар ҳақиқат вуҷуд надорад. 

spot_imgspot_img

Популярное