ВРИТ: МОИ-и нав дар Тоҷикистон ҳоло ба назар гирифта нашудаанд

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Давлатзода Умед 30-юми июл дар нишасти хабарӣ иброз дошт, ки ташкили минтақаҳои озоди иқтисодии нав (МОИ) солҳои оянда дар Тоҷикистон пешбинӣ намешавад. «Ба мо аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи ташкили минтақаҳои озоди иқтисодии нав дар чандин минтақаҳо пешниҳодҳо ворид шуданд,- гуфт ӯ. – Аммо чунин пешниҳодот дар […]

Пайрав Чоршанбиев


Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Давлатзода Умед 30-юми июл дар нишасти хабарӣ иброз дошт, ки ташкили минтақаҳои озоди иқтисодии нав (МОИ) солҳои оянда дар Тоҷикистон пешбинӣ намешавад.



«Ба мо аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи ташкили минтақаҳои озоди иқтисодии нав дар чандин минтақаҳо пешниҳодҳо ворид шуданд,- гуфт ӯ. – Аммо чунин пешниҳодот дар 3-4 соли оянда тасвиб нахоҳанд шуд. Ин кор ба он алоқаманд аст, ки аз лиҳози банизомоварии санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ душвориҳо ҷой доранд. Ғайр аз он, бунёди инфрасохтори ибтидоии МОИ маблағҳои зиёдро талаб мекунанд».

Ҳамин тариқ, МОИ-и нав мумкин аст фақат баъд аз мустаҳкам шудани чунин минтақаҳои аллакай дар кишвар ташкилшуда  пайдо шаванд,-зикр кард ӯ.

Мавсуф таъкид кард, ки дар чаҳор МОИ-и амалкунанда то кунун корҳои муайян анҷом дода шудааст. «Даҳ субъекти МОИ-и «Суғд» аллакай ба истеҳсоли махсулот пардохтаанд. Давлатзода қайд кард, ки то охири семоҳаи саввуми соли ҷорӣ дар МОИ-и «Данғара» дар нақша аст  соҳибкорони эронӣ корхонаи истеҳсоли моддаҳои шӯяндаро мавриди баҳрабардорӣ қарор бидиҳанд. Рафти сохтумони инфрасохтори ибтидоӣ дар МОИ-и «Панҷ» дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.