Ду сокини пойтахт 10 кило намакро ҳероин вонамуд карда, ба маблағи $50 ҳазор фурӯхтанӣ шуданд


Кормандони Агентии назорати воситаҳои нашъаовари назди президенти ҶТ бо гумони даст доштан дар қаллобӣ ду ҷавонмардро дар Душанбе дастгир карданд.

Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар Агентӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни амалиёти махсуси кормандони раёсати сайёри оперативӣ сокини 23-солаи бекормондаи пойхатро дастгир карданд, ки аз ин шахс халтаи дорои хокаи рангаш сафед мусодира карда шуд.

Дар натиҷаи таҳлили гузаронидашудаи лабораторӣ муайян гардид, ки моддаи мусодирашуда ҳероини полоишаш баланд буда, вазни умумияш 0,2598 граммро ташкил медиҳад.

Дар ҷараёни гузаронидани амалиёти иловагии фаврию ҷустуҷӯйӣ кормандони Оҷонсии зиддимухадирот боз сокини 21-солаи Душанбе, донишҷӯйи соли дуввуми Донишкадаи тарбияи ҷисмониро дастгир карданд. Ҳангоми азназаргузаронии шахсӣ аз ӯ халтаи селофании дорои 10 халтачаи бо полиэтилен печонда басташуда пайдо гардид.Дар лабораторияи Агентии назорати воситаҳои нашъаовар муайян карданд, ки моддаи мусодирашуда намаки ғизоӣ буда, вазнаш 9 килову 813 грамм аст. Кормандони ин ниҳод маълум карданд, ки дастгиршудагон ният доштанд, бо роҳи фиреб наздики 10 кило намаки ғизоиро ҳероин вонамуд карда, онро ба маблағи 50 ҳазор доллар фурӯшанд. Аз рӯйи ин далел бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, татфтиш идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное