Вазорати меҳнат ва шуғли захираҳои кории вилояти Новосибирск ҷиҳати мусоидат ба омӯзиши муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ва ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат дар омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ барои онҳо омодагӣ изҳор намуд.
Чӣ тавре ки сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ин бора зимни вохӯрии муовини вазири меҳнат ва шуғли захираҳои кории вилояти Новосибирск Андрей Головнин бо корманди намояндагии мазкур изҳори назар карда шудааст.
«Дар мулоқот зикр гардид, ки як қисмате аз муҳоҷирони кории тоҷик бидуни омодагии касбӣ ба Русия меоянд, ки зимни таъминот бо кор ба мушкилиҳо дучор мегарданд», – гуфт Аҳмадов.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои таҳияи механизми ҷалби хоҳишмандон аз ҳисоби муҳоҷирони тоҷик ба омӯзиши касб низ баррасӣ шудаанд.



