Тоҷикистон манъи содироти ангиштро бекор кард

Бо сабаби пайвастани Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат манъи содироти ангишт аз кишвар бекор карда шуд. Дар ин бора 30-юми июл дар рафти нишасти матбуотӣ муовини вазири рушди иқтисод ва савдо ҶТ Саидраҳмон Назриев иттилоъ дод. Ёдрас мекунем, ки аз 1-уми майи соли 2012 бо қарори ҳукумати ҶТ содироти ангишт ба хориҷи кишвар манъ гардида […]

Пайрав Чоршанбиев


Бо сабаби пайвастани Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат манъи содироти ангишт аз кишвар бекор карда шуд. Дар ин бора 30-юми июл дар рафти нишасти матбуотӣ муовини вазири рушди иқтисод ва савдо ҶТ Саидраҳмон Назриев иттилоъ дод.



Ёдрас мекунем, ки аз 1-уми майи соли 2012 бо қарори ҳукумати ҶТ содироти ангишт ба хориҷи кишвар манъ гардида буд.

Ба қавли вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, баъд аз пайвастани Тоҷикистон ба СҶТ, чандин санадҳои меъёрӣ, хусусан қарор дар бораи манъи содироти ангишт ба таври автоматӣ бекор карда шуданд.

Ҳамзамон вазир зикр кард, ки сол то сол дар ҷумҳурӣ талабот ба ин намуди сӯзишворӣ афзуда истодааст.

Мавсуф таъкид кард, ки то кунун бештар аз 160 корхонаҳои саноатӣ дар кишвар аз дигар навъи сӯзишворӣ, пеш аз ҳама аз гази табиӣ ба истифодаи ангишт гузаштаанд.

Вазир мӯътақид аст, ки дар оянда талаботи дохилӣ ба ангишт меафзояд. «Дар нақша ҳаст, ки корхонаи бузурги семент дар ҷануби кишвар, инчунин маркази электрикии истеҳсоли гармии «Душанбе-2» ва дигар корхонаҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд, ки онҳо ба ангишт кор хоҳанд кард»,-иброз дошт ӯ.

Раҳимзода зикр кард, ки Тоҷикистон захоири азими ангишт дорад, аммо бо бурда расонидани ин намуди сӯхт ба корхонаҳо мушкилиҳо ҷой доранд. «Ин масъала ҳоли ҳозир мавриди омӯзиши ниҳодҳои дахлдор қарор дорад»,-илова кард ӯ.

Тибқи маълумоти вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 140 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шудааст, ки тақрибан ду баробар бештар аз нишондоди ҳамин давраи соли гузашта арзёбӣ мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.