Э. Раҳмон ва генерали артиши ИМА масоили амнияти минтақавиро баррасӣ карданд

Имрӯз сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон фармондеҳи фармондеҳии марказии ИМА Ллойд Остин III- ро ба ҳузур пазируфт. Тавре дафтари матбуоти президенти кишвар иттилоъ медиҳад, дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Амрико, пеш аз ҳама дар соҳаҳои мудофиа ва амнияти минтақавӣ баррасӣ шуданд. Қайд карда мешавад, ки ҷонибҳо аз сатҳ ва ҳамгироии сохторҳои марбутаи ду кишвар  […]

Аваз Юлдашев


Имрӯз сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон фармондеҳи фармондеҳии марказии ИМА Ллойд Остин III- ро ба ҳузур пазируфт.

Тавре дафтари матбуоти президенти кишвар иттилоъ медиҳад, дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Амрико, пеш аз ҳама дар соҳаҳои мудофиа ва амнияти минтақавӣ баррасӣ шуданд.

Қайд карда мешавад, ки ҷонибҳо аз сатҳ ва ҳамгироии сохторҳои марбутаи ду кишвар  доир ба мусоидат ба таҳкими амну субот дар Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз хатари паҳншавии терроризму ифротгароӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҳамчунин дафтари матбуотӣ хабар медиҳад, ки генерали амрикоӣ нақши Тоҷикистонро дар нигаҳдории амнияти минтақавӣ муҳим номида, ба сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистон барои мусоидати фаъол ба барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон арзи сипос кард.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба дастгирии минбаъдаи моддию техникии воҳидҳои низомӣ ва махсуси Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯҳои сарҳадии кишвар барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон, хусусан пас аз соли 2014, сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.