Тоҷикистон содироти алюминии аввалияро як қадар коҳиш дод

Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ иттилоъ доданд, Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бештар аз 109 ҳазор тонна алюминии аввалияро ба содирот баровардааст. Нархи миёнаи як тонна алюминий дар ҳамин давра 1 ҳазору 914 долларо ташкил додааст.   Ба қавли манбаъ, содироти алюминий дар қиёс бо ҳамин давраи соли […]

Пайрав Чоршанбиев


Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ иттилоъ доданд, Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бештар аз 109 ҳазор тонна алюминии аввалияро ба содирот баровардааст. Нархи миёнаи як тонна алюминий дар ҳамин давра 1 ҳазору 914 долларо ташкил додааст.  



Ба қавли манбаъ, содироти алюминий дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2012 ба 31,7 ҳазор тонна ва нархи миёнааш бошад ба $166 коҳиш ёфтааст.

Дар вазорат зикр карданд, ки ҳамчунин истеҳсоли алюминии аввалия дар КВД-и «Ширкати алюминии тоҷик» рӯ ба коҳиш ниҳода истодааст.

«Агар дар нимсолаи аввали соли сипаришуда 144,7 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол шуда бошад, пас дар ин давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ 117,6 ҳазор тонна ин навъи фулуз истеҳсол шудааст. Яъне, истеҳсоли алюминии аввалия дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ба 18,7% коҳиш ёфтааст», – таъкид ддошт манбаъ.

Зикр карда мешавад, ки то охири сол «Ширкати алюминии тоҷик» дар нақша дорад, ки 287,6  ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол намояд.

Поин рафтани сатҳи истеҳсолоти ин навъи фулузро дар вазорат бо қатъи таҳвили гази табии Узбекистон аз аввали соли ҷорӣ маънидод мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2012 дар Тоҷикистон 272,5 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол шудааст, ки қариб ба 15 ҳазор тонна камтар аз нишондоди соли 2011 ҳисобида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.