Путин ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон медалҳои хотиравӣ тӯҳфа кард

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҷмӯъи медалҳои хотиравӣ «Бахшида ба 200-солагии Ҷанги ватании соли 1812»-ро тӯҳфа кард. Тавре сафорати Русия дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, маросими расмии тақдими тӯҳфа аз раисиҷумҳури Русия 31-уми июл сурат мегирад. Тибқи иттилои манбаъ, тӯҳфаро сафири фавқуллода ва мухтори ФР дар Тоҷикистон Юрий Попов тақдим хоҳад кард. […]

Азия-Плюс


Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҷмӯъи медалҳои хотиравӣ «Бахшида ба 200-солагии Ҷанги ватании соли 1812»-ро тӯҳфа кард.



Тавре сафорати Русия дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, маросими расмии тақдими тӯҳфа аз раисиҷумҳури Русия 31-уми июл сурат мегирад.

Тибқи иттилои манбаъ, тӯҳфаро сафири фавқуллода ва мухтори ФР дар Тоҷикистон Юрий Попов тақдим хоҳад кард.

Расонаҳои хабарии Русия иттилоъ медиҳанд, ки маҷмӯи медалҳои хотиравӣ бахшида ба 200-солагии ғалабаи Русия дар Ҷанги ватании соли 1812 дар сиккахонаи Корхонаи воҳиди федеролии давлатии «Госзнак» дар Санкт-Петербург бо миқдори кам бароварда шудаанд.

Ин баста аз медали хотиравии «Бахшида ба 200-солагии Ҷанги ватании соли 1812» ва нусхаи бист медали силсилаи медалҳои таърихии Ф.Толстой (1814-1836 годов) иборат мебошад, ки ба ҳаводиси муҳими Ҷанги ватании соли 1812 бахшида шудаанд.

Тибқи қарори Комиссияи давлатӣ оид ба омодабинӣ ба таҷлили 200-солагии ғалабаи Русия дар Ҷанги ватании соли 1812, маҷмӯи ин медалҳо бо тантана ба тамоми қаҳрамоншаҳрҳои ФР ба шарафи сипосгузорӣ аз саҳми арзандаи сокинони онҳо дар ҳимояи Ватан тақдим шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.