Тоҷикистон ба коркарди «Кони Мансури Калон» боз як тендери дигар эълон карданист

Агар Тоҷикистон ва ширкати марбут ба коркарди маъданҳои кӯҳии Қазоқистон – «Ка zzinc » нисбати «Кони Мансури Калон» ба як хулоса наоянд, он гаҳ ҷониби Тоҷикистон метавонад дар мавриди интихоби паймонкор барои коркарди ин кон – яке аз бузургтарин конҳои нуқра дар ҷаҳон, боз як тендери дигар эълон намояд. Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ […]

Зарина Эргашева


Агар Тоҷикистон ва ширкати марбут ба коркарди маъданҳои кӯҳии Қазоқистон – «Ка


zzinc


» нисбати «Кони Мансури Калон» ба як хулоса наоянд, он гаҳ ҷониби Тоҷикистон метавонад дар мавриди интихоби паймонкор барои коркарди ин кон – яке аз бузургтарин конҳои нуқра дар ҷаҳон, боз як тендери дигар эълон намояд.



Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон Шӯҳрат Раҳматбоев 30-юми июл дар нишасти хабарӣ зикр кард, ки тендер аллакай чаҳор сол аст, ки идома дорад, аммо ҷонибҳо ҳамоно ба хулосае  наомадаанд.

«Пешниҳодоти ироанамудаи иштирокчӣ баррасӣ мешаванд. Муҳим аст, ки кор ба нафъи ҳарду ҷониб сурат бигирад. Ин масъала дар сатҳи комиссияи давлатӣ муҳокима шуда истодааст ва дар ояндаи наздик мо бояд дар мавриди ин масъала ба як хулосаи муайян биёем»,-зикр кард ӯ.

Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли 2009 ҳукумати Тоҷикистон расман барои коркарди маъдани Кони Мансури Калон тендер эълон кард. Нахуст 10 ширкат ҷиҳати иштирок дар тендер ариза пешниҳод намуданд. Аммо аввали моҳи марти соли 2010 рӯйхати мухтасари иштирокчиёни тендер эълон шуд, ки ба он ширкатҳои BHP Billiton (бузургтарин ширкати кӯҳкории ҷаҳон), Zijin Mining (истеҳсолкунандаи бузургтарини тило дар Чин), JNMC (истеҳсолкунандаи бузургтарини никел дар Чин ва яке аз ширкатҳои кӯҳкории бузургтарин дар Осиё) ва консорсиуми ширкатҳои «Казцинком», ҶС «Конимансур» (Қазоқистон), Glencore Inc (Швейтсария), КМТ «Адрасмон» (Тоҷикистон) шомил гардиданд.

Минбаъд Zijin Mining ва JNMC бо сабабҳои гуногун аз ширкат дар тендер даст кашиданд. Тобистони соли 2012, Ширкати BHP Billiton (Австралия) аз иштироки минбаъда дар тендер оид ба интихоби паймонкор барои коркарди кони Кони Мансури Калон худдорӣ кард. Ин қадами ширкатҳоро ҷониби Тоҷикистон ба вазъи мураккаби молиявии ин ширкатҳо алоқаманд меҳисобад, зеро «Кони Мансури Калон» лоиҳаи серхароҷот махсуб мешавад.  Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, барои роҳандозии истихроҷи маъдан аз кони мазкур беш аз 2 млрд. доллари ИМА маблағ зарур аст.

«Кони Мансури Калон» дар шимоли Тоҷикистон воқеъ аст ва яке аз калонтарин конҳои нуқра дар дунё ба ҳисоб меравад, ки майдонаши 4 километр метри мураббаъро ташкил кардааст. Захираҳои кон тақрибан 1 млрд. тонна маъданро бо таркиби нуқра 49 г дар 1 тонна, сурб – 0,49 % дар 1 тонна ва руҳ – 0,38% дар 1 тоннаро ташкил медиҳад. Захираҳои умумии нуқраи Кони Мансури Калон зиёда аз 70 ҳазор  тонна мебошад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.