ВРИТ: МОИ-и нав дар Тоҷикистон ҳоло ба назар гирифта нашудаанд


Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Давлатзода Умед 30-юми июл дар нишасти хабарӣ иброз дошт, ки ташкили минтақаҳои озоди иқтисодии нав (МОИ) солҳои оянда дар Тоҷикистон пешбинӣ намешавад.



«Ба мо аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи ташкили минтақаҳои озоди иқтисодии нав дар чандин минтақаҳо пешниҳодҳо ворид шуданд,- гуфт ӯ. – Аммо чунин пешниҳодот дар 3-4 соли оянда тасвиб нахоҳанд шуд. Ин кор ба он алоқаманд аст, ки аз лиҳози банизомоварии санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ душвориҳо ҷой доранд. Ғайр аз он, бунёди инфрасохтори ибтидоии МОИ маблағҳои зиёдро талаб мекунанд».

Ҳамин тариқ, МОИ-и нав мумкин аст фақат баъд аз мустаҳкам шудани чунин минтақаҳои аллакай дар кишвар ташкилшуда  пайдо шаванд,-зикр кард ӯ.

Мавсуф таъкид кард, ки дар чаҳор МОИ-и амалкунанда то кунун корҳои муайян анҷом дода шудааст. «Даҳ субъекти МОИ-и «Суғд» аллакай ба истеҳсоли махсулот пардохтаанд. Давлатзода қайд кард, ки то охири семоҳаи саввуми соли ҷорӣ дар МОИ-и «Данғара» дар нақша аст  соҳибкорони эронӣ корхонаи истеҳсоли моддаҳои шӯяндаро мавриди баҳрабардорӣ қарор бидиҳанд. Рафти сохтумони инфрасохтори ибтидоӣ дар МОИ-и «Панҷ» дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.

spot_imgspot_img

Популярное