Муҳиддин Кабирӣ: Бисёриҳо мехоҳанд вазъиятро дар кишвар ноором кунанд (видео)

spot_imgspot_img

Дата:

- Advertisement -


Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар сӯҳбати ихтисосӣ ба Хабаргузории «Азия-Плюс» пиромуни изҳороти собиқ иҷрокунандаи вазифаи раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Асрор Булбулов, ки 5-уми август аз шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шуд, ҳамчунин фишорҳо ба аъзои ин ҳизб ва барномаи пешазинтихоботӣ ибрози назар кард.

– Воқеан, ин баёноте, ки бародар Асрор Булбулов аз тариқи шабакаҳо доданд, барои мо як хабари ноҳагонӣ, вале пешбинишаванда буд, чун тибқи маълумоте, ки ба мо расид, шояд дар оянда ҳам мисли ҳамин ҳодисаҳо нисбат ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шавад.

- Advertisement -

ҲНИТ дар ҷаласаи навбатии кории худ ба чунин хулоса омад, ки бояд ба ин гуна рафторҳо хеле ҳам оромона ва бидуни эҳсосот муносибат карда шавад, ба ҳеҷ ваҷҳ ин бародаре, ки чунин баёнот дод, маҳкум карда нашавад ва мо бояд талош кунем, ки вазъияти ӯро дарк кунем, ки чаро чунин баёнот доданд ва тамоми эҳтимолҳо ҳам вуҷуд дорад, ки метавонад таҳти фишор қарор гирифта бошад, ё воқеан ҳам ин бародар ба чунин хулоса расид ва тасмим гирифт, ки аз ҳизб берун равад. Ин ихтиёри шахсии ӯ аст ва мо эҳтиром дорем нисбат ба ҳар тасмиме, ки ҳар шаҳрванд мегирад. Вале ҷойи нигаронӣ он аст, ки чаро ин аз тариқи расонаҳои хабарии давлатӣ ба ин сурат паҳн карда шуд ва дар оянда ҳам эҳтимол дорад, ки чунин нафаронро пайдо кунанд ва аз тариқи шабакаҳо ин гуна ҳодисаҳо такрор шаванд.

ҲНИТ тасмим гирифт, ки як ҳайатро бо раҳбарии муовини раиси ҳизб ба Бадахшон бифиристад ва тамоми масъалаҳое, ки дар баёноти ин бародар ҷой доштанд, бояд ки мавриди санҷиш қарор бигирад. Агар камбудиҳое бошанд, ислоҳ шаванд ва бубинем, ки то кадом дараҷа гуфтаҳои ин бародар воқеият дорад.

Мо ба ин назар ҳастем, ки вазъияте, ки имрӯз дар атрофи ҳизб ҳаст, тақрибан шабеҳи солҳои навад ҳаст, вақте ки ҷомеаи кишварро ба ду гурӯҳ тақсим карданд. Албатта, он вақт сӯҳбат бештар атрофи ваҳҳобиҳо ва ваҳҳобият буд, боз ҳам бахше аз рӯҳониён ва аҳли ҷамоатчигӣ сафарбар шуда буд, тариқи расонаҳои чи дохилӣ ва чи хориҷӣ. Натиҷааш он шуд, ки кишварро ба як ҷанги шаҳрвандӣ кашонданд. Мутаассифона, ҳоло ҳам аз ҳамон услубҳо истифода бурданд, вале ҲНИТ нисбат ба ин масъалаҳо дар чаҳорчӯби қонун, бо оромиш ва бидуни эҳсосот муносибат хоҳад кард. 

Ҳатто агар 20 ё 30 нафар ҳам бошанд, онҳо аъзои ҲНИТ ҳастанд ва ҳайате, ки фиристода мешавад, яке аз вазифаҳояш тамоми ин масъаларо бояд баррасӣ кунад ва маълумоти пурраро аз Бадахшон ба марказ бифиристад. Чун яке аз эродҳое, ки дар он ҷо гирифта шуд, гӯё раҳбарияти ҳизб ба минтақа сафар накард. Воқеан, мо чанд маротиба ба он ҷо сафар карданӣ будем ва боз ҳам ба хулосае омадем, ки дар чунин шароит сафари мо ба минтақаҳои Тоҷикистон хеле ҳассос аст ва ҳассосиятро ба вуҷуд меорад. Худи бародарони бадахшонӣ ҳам ба ин натиҷа расиданд, ки дар ин шабу рӯз сафар кардани мо ба минтақаи Бадахшон хуб нест ва метавонад вокуниши мақомотро ба вуҷуд биёрад. Мо ёдамон ҳаст, ки баъд аз ҳодисаҳои Хоруғ ҳайатеро ба Бадахшон фиристода будем ва мақомот хеле ҳассос шуданд. Ҳатто аз мо хоҳиш ҳам карданд, ки ҳайат ба Бадахшон наравад, лекин онҳо сафар карда буданд, дар ними роҳ буданд ва мо онҳоро барнагардонидем.

- Advertisement -

Агар мо сафар кунем ба минтақа ва Худое накарда боз ҳодисае рух бидиҳад ва фитнае роҳандозӣ кунанд, боз баъзеҳо эрод хоҳанд гирифт, ки шумо медонистед, вазъият дар минтақа ҳассос аст ва чаро сафар кардед? Барои ин мо гуфтем, ки нисбат ба ин эродҳо ва гуфтаҳои ин бародар мо ҷиддӣ фикр карда истодаем. Агар воқеан камбудиҳое ҷой дошта бошанд, чаро мо онҳоро бартараф накунем? Барои ҳамин мо дар ҷаласаи ҳизб тасмим гирифтем, ки ҳоло ҳеҷ вокунише нисбат ба ин бародар карда нашавад ва маҳкум ҳам карда нашавад. Дар давоми ҳамин ду рӯз садҳо занг аз Бадахшон ба ҳизб расид ва онҳо – мардуми Бадахшон, аъзоён ва тарафдорони ҳизб гуфта истодаанд, ки мо ба гуфтаҳои ин бародар розӣ нестем ва баръакс омода ҳастем, ки фаъолияти худро нишон бидиҳем.

Ҳатто фикр мекунем, ки ҳамин баёния боиси як тағйироти ҷиддӣ дар Бадахшон ҳам хоҳад шуд ва бисёр касоне, ки ҷонибдори ҳизб буданд, аллакай эълон карда истодаанд, ки мехоҳанд узвияти ҳизбро қабул кунанд. Вале мо боз ҳам саросема нестем, борҳо такрор кардаем ва ҳоло ҳам мегӯем, ки ҳеҷ гуна тасмимоти худро дар заминаи эҳсосот нахоҳем гирифт. Фақат хоҳиши мо аз расонаҳо ва мардуми шариф ин аст, ки ҳангоми инъикоси ин гуна масъалаҳо бояд нуқтаи назари ҳама тарафро ба инобат бигиранд ва василаи муташанниҷ кардани вазъият дар кишвар нашаванд. Чун ин марҳалаи пешазинтихоботӣ аст ва бисёриҳо мехоҳанд вазъиятро як каме ноором кунанд, рақибони худро бо роҳҳои қонунӣ ва ғайриқонунӣ заиф бисозанд, дар як ҳолати сардаргумӣ ва ба истилоҳ “обро лой карда моҳӣ гирифтан” ба ҳадафҳои худ бирасанд. Бинобар ин, ҲНИТ дар ҳоли ҳозир бо як дироят, огоҳӣ ва шинохти вазъият пеш хоҳад рафт.

Маълумоте, ки мо дорем, танҳо Бадахшон нест. Дар дигар ҷойҳо ҳам ин ҳодисаҳо такрор хоҳанд шуд ва ҳатто бештар аз ин, барои мо маълум шуд, ки аз қабл ҳам баъзе нафарҳо ба баданаи ҳизб ворид карда шудаанд. Онҳо узвияти ҳизбро қабул кардаанд, чун қонунгузории кишвар ва оинномаи ҳизб иҷозат медиҳад, ки ҳар касе, ки ба синни 18 расидааст ва барномаю оинномаи ҳизбро қабул дорад, метавонад узви ҳизб шавад. Аллакай мо муайян кардем, ки чандин нафарҳо махсус аъзои ҳизб шуданд, то ин ки дар оянда ин гуна мушкилиҳоро болои ҳизб ворид кунанд ва эҳтимоли зиёд дорад, ки дар ояндаи наздик аз баъзе дигар ҷойҳо ва баъзе дигар масъалаҳо ҳам алайҳи ҳизб роҳандозӣ шавад.

- Advertisement -

Мо ҳамон наҳзате ҳастем, ки пештар будем ва дар оянда ҳам тағйир нахоҳем ёфт. Мо ягон барномаи ҷиддиеро ҳоло рӯйи даст надорем, ки касеро нигарон карда бошем. Хеле оромона ва босубот пеш рафта истодаем, мисли ҳар ҳизби дигар. Вале чун худашон заиф ҳастанд, ин заъф боис гаштааст, ки ҳассос шаванд. Рақиби қавӣ ҳеҷ гоҳ аз қудрати тарафи дигар наметарсад, асабонӣ ҳам намешавад. Вале рақиби заиф ҳамеша метарсад ва асабонӣ мешавад ва фикр мекунам, ки далели асосиро бояд дар ҳамин ҷуст.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як ҳизби фаромиллӣ аст. Агар шумо баданаи ҲНИТ-ро нигоҳ кунед, солҳои навадум ва солҳои аввали таъсис тарафдорони ин ҳизб бештар дар минтақаи Хатлон, Душанбе ва атрофи он дар ноҳияҳои тобеи марказ буданд. Вале ҳоло шӯъбаҳои ҳизб ва аъзоёни ҳизб дар саросари кишвар паҳн шуданд – аз Суғд шурӯъ карда, ки мо наздики 13 ҳазор аъзо дорем, то Бадахшон. Тақсимшавии аъзо ва тарафдорони ҳизб ҳам хеле бо тавозуни мантиқӣ аст. Дар сатҳи раёсати олии ҳизб, дар шӯрои сиёсӣ ҳам ин тавозун риоя шудааст…

Шахсан худи ман бар ин назар ҳастам, ки новобаста аз он ки дар ҳокимият намояндаи кадом минтақа ҳаст, агар аз рӯйи қонун ва адолати иҷтимоӣ мудирияти кишварро пеш мебурданд, ин мушкил надорад, ки як нафару ду нафар бештару камтар аз як минтақа бошанд. Табиист, вақте як нафар ба сари ҳокимият омад, талош мекунад, нафаронеро биёрад, ки худаш мешиносад – бо онҳо кор кардан барояш роҳаттару осонтар аст. Вале муҳим он аст, ки дар асоси қонун кор кунад ва фикри тамоми мардумро дошта бошад.

ҲНИТ дидгоҳҳои худро дар барномаи номзаде нишон хоҳад дод, ки дар ояндаи наздик пешниҳод хоҳад шуд. Мо як дидгоҳҳои хоси худро дорем, чӣ бояд кард, то ин ки маҳалгароиву маҳалпарастӣ, минтақагароӣ дар сиёсати Тоҷикистон аз байн биравад ё ҳадди ақал камтар шавад. Барои ҳамин мо пешниҳод дорем, ки набояд президенти оянда дар ин марҳалаи гузариш аз 3-4 сол бештар ҳокимият кунад, як ҳукумати технократҳо ё профессионалҳоро аз тамоми минтақаҳо ва ҳизбҳову беҳизбиҳо сари кор биёрад, то ин ки онҳо як интихоботи шаффоф ва демократиро дар марҳалаи оянда таъмин кунанд ва худи мардум интихоб кунад, ки дар ҳокимият кӣ бошад, кадом ҳизб бо кадом барнома. Ҳоло дар ин мавзӯъ гуфтан каме барвақттар аст, чун фикр мекунам, ки рӯзҳои наздик, ҳафтаҳои оянда шояд ҲНИТ дар ҳамкорӣ бо дигар ҳизбҳо барномаи интихоботии худро матраҳ кунад.

Агар ҳадафи ин фишорҳо танҳо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бошад, мо чандон нигарон нестем, чун мутмаин ҳастем, ки ҳеҷ кас ҲНИТ-ро аз саҳнаи сиёсӣ дур карда наметавонад. Шояд ки то ҳадде заиф созанд, ба зеҳнияти мардум таъсир расонанд. Вале таҷриба нишон дод, ки ягон ҳизбу ҳаракати исломӣ дар натиҷаи фишор заиф нашудааст ва аз байн нарафтааст, баръакс, қавӣ шудааст ва бештар матраҳ шудааст. Айнан ҳамин ҳодиса дар Тоҷикистон ҳам хоҳад шуд. Вале агар ҳадаф аз ин фишорҳо фаротар аз ҲНИТ бошад, дар ҷомеа роҳандозии душманиву адоват ва кина байни қишрҳо бошад, ҷудо кардани ҷомеа ба душман ва дӯст, ба худӣ ва бегона бошад, дар ин сурат мо як каме нигаронем. Метарсем, ки ҳамон ҳодисаҳои солҳои навад такрор нашавад. Бахусус, агар ин масъала дар сатҳи боло тасмимгирӣ шуда бошад ва хориҷиҳо ҳам дар ин ҷо даст дошта бошанд. Чун эҳтимоли зиёд дорад, ки дасти хориҷиҳо ҳам бошад.

Тоҷикистони мо тоза аз ҷанги шаҳрвандӣ берун омад ва мо оҳиста-оҳиста озодтар нафас кашида истодаем, иқтисодро барпо карданӣ будем ва баъд аз Созишномаи сулҳ тақрибан як даҳсолаи ҳамкорию ҳамзистии хуб доштем. Ба бисёриҳо ин маъқул нашуд, чун ҳар чӣ қадар сулҳу субот бошад, мардум ҳаққи худро бештар талаб мекунанд, ҳамон қадар мардум худро озод ҳис мекунанд. Бисёриҳо одат кардаанд, ки дар як шароити изтирорӣ ҳукумат кунанд. Дар шароити ором барои онҳо ҳукумат кардан ва кишварро идора кардан душвор аст. Ҳамеша бояд дар як ҷо ҷанг бошад, ҳамеша бояд зиддият бошад, бархӯрдҳои дохилии ақидатӣ бошад. Дар ин сурат қаҳрамон будан осонтар аст, пешво будан осонтар аст.

Агар ҳадаф аз ин фишорҳо роҳандозии як ҳарҷу марҷ ва бесуботӣ дар кишвар бошад, то ин ки баъд як гурӯҳ биёянду вазъиятро ором кунанд ва худро боз аз нав наҷотдиҳандаи миллату кишвар нишон бидиҳанд, ҷойи нигаронӣ ҳаст ва хатар ҳам вуҷуд дорад. Чун ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки оқибати ин барнома ба куҷо оварда мерасонад. Бисёриҳо намехоҳанд, ки Тоҷикистон мустақил бошад, озод бошад, демократӣ бошад. Чун мо аллакай як даҳсолаи хуби рушди демократиро доштем, вале ин ба касе маъқул нашуд. Агар ин ҳаракат аз нав саркӯб карда шавад, ҳизбҳои сиёсиро маҳдуд кунанд, раҳбарони оппозитсиониро бо ҳар роҳу баҳона фишор биёранд, зиндон кунанд, ё аз саҳна берун кунанд, ин тақрибан ҳолате мешавад, ки дар Либия доштем…

Он чизе, ки танҳо дар як Тоҷикистон не, дар кулли Осиёи Марказӣ мегузарад, шабоҳат ба ҳамон вазъият дорад – низомҳои серпул ва мағрур фикр мекунанд, ки мардуми хомӯш ва сарпаст ҳама розиянд ё ки ҳама метарсанд. Вале як камтарин ҳодиса метавонад вазъиятро аз тавозун берун кунад ва дигар на раҳбарони оппозитсиюн метавонанд пеши роҳи ин хушунатро бигиранд, на худи мақомоти давлатӣ. Огоҳии мо ҳамин аст, ки бояд пеш аз воқеа илоҷи онро пайдо кард, бо ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамнишинӣ бояд ин масъаларо ҳал кард.


Muhiddin Kabiri

from

Asia Plus

on

Vimeo

.

Ёдовар мешавем, собиқ иҷрокунандаи вазифаи раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Асрор Булбулов зимни суханрониаш аз шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон аз ин ҳизб интиқод карда, зарурати қатъи фаъолияти онро дар Бадахшон ва саросари ҷумҳурӣ таъкид сохт.

«Ман бо тамоми масъулият изҳор менамоям, ки алҳол дар ҳудуди ВМКБ на бештар аз 38 нафар аъзои боқимондаи ҲНИТ вуҷуд дорад. Боқимонда 1927, ки ба наздикӣ ахборот дода будем, 2700 – дурӯғ, 3000 – дурӯғ аст», – гуфт Булбулов.

- Advertisement -

Популярное

Похожие материалы