Бонки миллӣ: Пешниҳоди пул тамоили пастравӣ касб кард

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ пешниҳоди пул вобаста ба коҳишёбии хароҷотҳои буҷети давлатӣ тамоили пастравӣ дошт. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, ҳаҷми пулҳои захиравӣ 4,5 млрд. сомонӣ (4,4 млрд. сомонӣ дар семоҳаи аввал)-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи нимсолаи аввали соли гузашта 15,1% зиёдтар аст. Дар давраи ҳисоботӣ вобаста ба рушди иқтисод, таъмини […]

ASIA-Plus


Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ пешниҳоди пул вобаста ба коҳишёбии хароҷотҳои буҷети давлатӣ тамоили пастравӣ дошт.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, ҳаҷми пулҳои захиравӣ 4,5 млрд. сомонӣ (4,4 млрд. сомонӣ дар семоҳаи аввал)-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи нимсолаи аввали соли гузашта 15,1% зиёдтар аст.

Дар давраи ҳисоботӣ вобаста ба рушди иқтисод, таъмини босамари гардиши пул ва ҷалби пасандозҳои муҳлатдор, афзоиши ҳаҷми пулҳои нақди берун аз бонкҳо, пасандозҳои дархостшаванда ва коғазҳои қимматнок дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта мувофиқан 28,0 ва 24,5%-ро ташкил дод. Дар баробари ин, тағйирёбии нишондиҳандаи васеи ҳаҷми пул назаррас буда, нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 19,6% зиёд гардид.

Мултипликатори ҳаҷми пул бошад, 1,13 банд ва сатҳи таъминнокии иқтисодиёт бо пул 22,6%-ро ташкил намуд, ки ин идома ёфтани раванди таҳкимёбии бахши молиявиро инъикос менамояд.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар нимсоли якуми соли ҷорӣ ба 15,8 млрд. сомонӣ расида, суръати рушди ҳақиқии он 7,5%-ро ташкил дод. Рушди бештар дар соҳаи гардиши савдои чакана – 13,2, кишоварзӣ – 12,1, сохтмон – 9,3, хизматрасонӣ – 8,4 ва саноат – 6,6% ба қайд гирифта шуд.

Дар ин давра бинобар муътадилии сатҳи нархи маҳсулотҳои воридотӣ ва зиёд гардидани истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ дар бозорҳои кишвар, нишондоди таваррум муътадил қарор дошт. Сатҳи таваррум дар ин давра1,6%-ро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,9 банди фоизӣ кам мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.