Садамаи нақлиёти бузург дар ноҳияи Бохтар

Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ як садамаи нақлиёти бузург рух дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи навбатдории БДА-и Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар доданд, рӯзи 8-уми август дар роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Ҷалолиддини Румӣ, дар қаламрави ноҳияи Бохтар бо иштироки 4 автомашинаи сабукрав садамаи нақлиёт ба вуқӯъ пайвастааст. «Дар натиҷа 6 нафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта […]

Сайраҳмон Назриев


Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ як садамаи нақлиёти бузург рух дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шуъбаи навбатдории БДА-и Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар доданд, рӯзи 8-уми август дар роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Ҷалолиддини Румӣ, дар қаламрави ноҳияи Бохтар бо иштироки 4 автомашинаи сабукрав садамаи нақлиёт ба вуқӯъ пайвастааст.

«Дар натиҷа 6 нафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта ба беморхонаи вилоятӣ бистарӣ шуданд», – гуфт манбаъ.

Тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби рух додани садама суръати воситаи нақлиётро хеле баланд кардани яке аз иштирокичиёни он будааст. «Ҳанӯз дақиқан гунаҳкори садама муайян карда нашудааст. Кормандони Раёсати БДА-и вилоят дар ҷойи ҳодиса мебошанд», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.