ВКД қазияи ташкили дидбонгоҳи ғайриқонуниро месанҷад

Рӯзҳои 6-7-уми августи соли равон дар минтақаи «Олимтой»-и ноҳияи Восеъ аз тарафи  кормандони милитсия бемувофиқа бо роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дидбонгоҳ ташкил гардида, ҳангоми гузаштан аз ин мавзеъ ронандагону мусофирон беасос манъ ва мавриди санҷиш қарор гирифтаанд, ки ин амали онҳо ба норозигии ронандагон ва шаҳрвандон дар арафаи Иди саиди Фитр боис гардидааст. Бино ба […]

ASIA-Plus


Рӯзҳои 6-7-уми августи соли равон дар минтақаи «Олимтой»-и ноҳияи Восеъ аз тарафи  кормандони милитсия бемувофиқа бо роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дидбонгоҳ ташкил гардида, ҳангоми гузаштан аз ин мавзеъ ронандагону мусофирон беасос манъ ва мавриди санҷиш қарор гирифтаанд, ки ин амали онҳо ба норозигии ронандагон ва шаҳрвандон дар арафаи Иди саиди Фитр боис гардидааст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, ҳолати мазкур роҳбарияти Вазорати корҳои дохилиро ба ташвиш оварда, барои муайян намудани кормандони милитсия, ки ба ин амали номатлуб даст задаанд ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани онҳо санҷиши хизматӣ таъин карда шудааст.

Рафти санҷиши хизматӣ зери назорати  Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Гуфта мешавад, шахсоне, ки вобаста ба дидбонгоҳи мазкур ягон арзу шикоят дошта бошанд, метавонанд тариқи телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ (221-21-21) муроҷиат намоянд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?