Сафорат: Пеш аз интихоботи мири Маскав вазъи муҳоҷират мушкил мешавад

Рейдҳои оммавӣ оид ба ошкор кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар минтақаи назди шаҳри Маскави Русия идома меёбад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита хабар дод, пеш аз интихоботи мири Маскав вазъи муҳоҷират мушкил мешавад. «Ҳукумат тартибот ҷорӣ намуда, фазои ороми интихоботро таъмин карданист ва дар […]

Пайрав Чоршанбиев


Рейдҳои оммавӣ оид ба ошкор кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар минтақаи назди шаҳри Маскави Русия идома меёбад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита хабар дод, пеш аз интихоботи мири Маскав вазъи муҳоҷират мушкил мешавад. «Ҳукумат тартибот ҷорӣ намуда, фазои ороми интихоботро таъмин карданист ва дар ин робита аз эҳтимол дур нест, ки санҷишҳо идома ёбанд», – иброз дошт ӯ.

Номбурда зикр кард, ки рӯзи чоршанбе зимни рейди навбатӣ дар бозори «Садовод» беш аз ҳазор нафар боздошт шуданд. «Боздоштшудагон барои санҷиш ба шуъбаҳои пулис оварда шуданд. Кормандони масъули сафорат дар пайи муайян кардани шаҳрвандони Тоҷикистон миёни боздоштшудагон мебошанд», – гуфт намояндаи сафорат.

Эгамзод таъкид намуд, ки сафорати Тоҷикистон дар Русия тамоми амалиёти марбут ба боздошти муҳоҷирони ғайриқонунинро пайгирӣ дошта, ба муҳоҷирони тоҷики айни замон дар лагери Голяново қарордошта мудом кӯмак мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?