Таҷрибаандӯзии хизматчиёни давлатӣ дар Академияи назди президенти Белорус

Таҷрибаандӯзии панҷрӯзаи як гурӯҳи кормандони Раёсати хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон ва Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии назди президенти Белорус имрӯз ба итмом мерасад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, зимни таҷрибаандӯзӣ хизматчиёни давлатии ҷумҳурӣ бо таҷрибаи кории ҳамтоҳои белоруси худ дар соҳаҳои маориф, идораи давлатӣ, […]

Аваз Юлдошев


Таҷрибаандӯзии панҷрӯзаи як гурӯҳи кормандони Раёсати хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон ва Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии назди президенти Белорус имрӯз ба итмом мерасад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, зимни таҷрибаандӯзӣ хизматчиёни давлатии ҷумҳурӣ бо таҷрибаи кории ҳамтоҳои белоруси худ дар соҳаҳои маориф, идораи давлатӣ, рушди зербинои муассисаи идоракунии маълумоти олӣ аз наздик ошно гардиданд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар Академияи миллии илмҳои Белорус бахшида ба мавзӯи рушди инноватсионии Белорус давраи омӯзишӣ доир гардид.

«Ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин бо раҳбарияти кумитаи иҷроияи вилояти Минск вохӯрда, бо фаъолияти як корхонаи бахши кишоварзӣ, ҶСК «Минский автомобильный завод», Китобхонаи миллии Бнлорус ва Осорхонаи давлатдории муосири Белорус низ шинос шуд», – афзуд сарчашмаи хабар.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.