Изҳороти ҲНИТ дар бораи фитнаангезиҳои навбатии ҳукуматдорон

Бо наздик шудани маъракаи интихоботи президентӣ фитнаангезӣ ва фишор нисбати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тавассути ВАО, бахусус шабакаҳои давлатии телевизионӣ рӯ ба афзоиш мениҳад. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, рӯзи 6-уми август дар ноҳияи Восеъ вохӯрии раҳбарияти ноҳия бо ходимони дин доир гардида, дар барномаи телевизиони давлатӣ доир ба ин вохӯрӣ зикр гардид, ки […]

ASIA-Plus


Бо наздик шудани маъракаи интихоботи президентӣ фитнаангезӣ ва фишор нисбати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тавассути ВАО, бахусус шабакаҳои давлатии телевизионӣ рӯ ба афзоиш мениҳад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, рӯзи 6-уми август дар ноҳияи Восеъ вохӯрии раҳбарияти ноҳия бо ходимони дин доир гардида, дар барномаи телевизиони давлатӣ доир ба ин вохӯрӣ зикр гардид, ки ду сокини ин ноҳияро бидуни огаҳиашон ба аъзогии ҲНИТ номнавис кардаанд.

«Зикр карданием, ки яке аз ин шахсон собиқ корманди шуъбаи ВКД дар ноҳияи Восеъ, феълан нафақахӯр Ҳаё Зиёев мебошад, ки соли 2010 дар асоси аризааш ба аъзогии ҲНИТ қабул карда шуд ва тамоми ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ин далел дар бахши ҲНИТ дар ноҳияи Восеъ мавҷуданд. Ғайр аз ин, шаҳрванди зикршуда аз ҷониби ҲНИТ номзад ба вакили маҷлиси маҳаллӣ пешбарӣ шуда, вале ба овозҳои зарурӣ соҳиб нашуд», – гуфта мешавад дар иттилоъ.

Дар идома зикр мегардад, ки шаҳрванди дигар Абдурасул Эгамов ҳеҷ гоҳ узви ҲНИТ набуд, вале сарфи назар аз ин, ҳукумати маҳаллӣ ӯро маҷбур сохтааст, ки барои хориҷ шудан аз ҲНИТ ариза нависад. «Танҳо моҳи гузашта 15 нафар сокинони Восеъ ба сафи ҲНИТ пайвастанд», – таъкид мегардад дар иттилои сомонаи ҲНИТ.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти ҲНИТ бар ин назар аст, ки фишори афзоянда болои ҳизб ба рӯҳияи «Протоколи 32-20» созгор аст, ки стенограммаи ҷаласаи махфии ҳукумати ҷумҳурӣ номида шуда, баҳори соли гузашта ба ВАО роҳ ёфт. Тибқи ин ҳуҷҷат, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш дода шуд, ки ҷиҳати бадномкунии ҲНИТ ва аъзои он ва ҳамчунин роҳҳои аз сафҳои ҳизб хориҷ шудани аъзои он тадбирҳо андешанд.

Қобили зикр аст, ки феълан шумори аъзои ҲНИТ дар саросари кишвар 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз соли 2000 ду тан аз намояндагони ҲНИТ дар палатаи поёнии парлумони кишвар фаъолият доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.