Мақоми 114-уми дастаи Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА

Ассотсиатсияи байнулмилалии федератсияи футбол (ФИФА) рейтинги нави дастаҳои миллии футболи ҷаҳонро интишор кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футбли Тоҷикистон, дар ин рейтинг мақоми дастаи Тоҷикистон ҳашт зина поин рафта, дар ҷойи 114-ум қарор дорад. Моҳи гузашта дастаи Тоҷикистон дар зинаи 106-ум қарор дошт. Аз замони навшавии рейтинг дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ягон вохӯрӣ […]

ASIA-Plus


Ассотсиатсияи байнулмилалии федератсияи футбол (ФИФА) рейтинги нави дастаҳои миллии футболи ҷаҳонро интишор кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футбли Тоҷикистон, дар ин рейтинг мақоми дастаи Тоҷикистон ҳашт зина поин рафта, дар ҷойи 114-ум қарор дорад. Моҳи гузашта дастаи Тоҷикистон дар зинаи 106-ум қарор дошт.

Аз замони навшавии рейтинг дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ягон вохӯрӣ нагузаронидааст. Даста айни замон дорои 301 балл аст. Вазъро бозии рафиқона бо дастаи Ҳиндустон, ки рӯзи 14-уми август дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад, метавонад тағйир бидиҳад.

Миёни 46 дастаи қораи Осиё Тоҷикистон зинаи 15-ум ва дар байни дастаҳои кишварҳои собиқ шӯравӣ мақоми 9-умро ишғол карда, аз дастаҳои Озарбойҷон, Латвия, Молдова, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон пешсаф аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.