Фестивали ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе

Рӯзи 19-уми август дар боғи ботникии «Боғи Ирам»-и пойтахт фестивали ҷумҳуриявиии ҳунарҳои мардумӣ доир мегардад. Фестивал аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҶТ созмон дода шуда,  дар доираи чорабиниҳои Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор мешавад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар фестивал ҳунармандони тамоми […]

ASIA-Plus


Рӯзи 19-уми август дар боғи ботникии «Боғи Ирам»-и пойтахт фестивали ҷумҳуриявиии ҳунарҳои мардумӣ доир мегардад. Фестивал аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҶТ созмон дода шуда,  дар доираи чорабиниҳои Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор мешавад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар фестивал ҳунармандони тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла заргарону оҳангарон, дуредгарон, зардӯзон, кулолгарон ва намояндагони дигар ҳунарҳои мардумӣ бо маснӯоти худ иштирок мекунанд.

«Барои сокинону меҳмонони пойтахт намоишгоҳи шириниҳо, хӯрокҳои миллӣ, мева ва нӯшокиҳо ташкил карда мешавад. Тамошобинон аз ҳунарнамоии дорбозону мусиқачиён ва артистҳо баҳра бурда метавонанд», – гуфтанд дар вазорат.

Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҶТ, дар доираи фестивал баргузор намудани консерти дастаҳои фолклорӣ ва гурӯҳҳои ҳунарӣ аз шаҳру навоҳии гуногуни кишвар низ дар назар аст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.