Дар Афғонистон як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи «Ансоруллоҳ» боздошт шуд

Кормандони Идораи амнияти миллӣ ба ҳамкории нерӯҳои пулис дар шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшони Афғонистон, рӯзи 6-уми август як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми узвият дар шабакаҳои теруристӣ боздошт кардаанд. Дар ин хусус ба «Азия-Плюс» рӯзноманигори афғони муқими ин шаҳр Хушқадам Усмонӣ иттилоъ дод. «Маъруф Росих, сухангӯйи волии Бадахшони Афғонистон мегӯяд, фарди боздоштшуда, ки узвияти гурӯҳи […]

Азия-Плюс


Кормандони Идораи амнияти миллӣ ба ҳамкории нерӯҳои пулис дар шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшони Афғонистон, рӯзи 6-уми август як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми узвият дар шабакаҳои теруристӣ боздошт кардаанд. Дар ин хусус ба «Азия-Плюс» рӯзноманигори афғони муқими ин шаҳр Хушқадам Усмонӣ иттилоъ дод.

«Маъруф Росих, сухангӯйи волии Бадахшони Афғонистон мегӯяд, фарди боздоштшуда, ки узвияти гурӯҳи «Ансоруллоҳ»-ро дорад, шаҳрванди Тоҷикистон аст. Сухангӯйи волии Бадахшон аз ин фард ҳамчун теруристи хатарнок ёд карда, гуфтааст, ки қасд дошт, ба як мақоми маҳаллии Бадахшон ҳамла кунад. Вай аз шахси мавриди ҳадафи ин фард ном набурд», – афзуд сарчашма.

Ба қавли Усмонӣ, фарди боздоштшуда, ки дар баробари дурбини хабарнигорон зоҳир карда шуд, гуфтааст, ки се сол қабл Тоҷикистонро тарк карда, ба Ирон рафтааст ва пас аз як соли иқомат дар Ирон ба Покистон рафта, масоили низомиро дар Вазиристони шимолӣ омӯзиш дидааст.

«Шаҳрванди боздоштшудаи тоҷикистонӣ (номаш зикр нашудааст) гуфт, ки ба хотири ҷиҳод ба Афғонистон омада, борҳо дар ҷангҳо алайҳи нерӯҳои байнулмилалӣ ва афғон дар манотиқе аз вилояти Пактиё ширкат кардааст. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар айни замон мехост аз тариқи марзҳои Бадахшон ба Тоҷикистон биравад ва фаъолиятҳои худро дар қаламрави он оғоз кунад», – иброз дошт Усмонӣ.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз дар соли 2012 Суди олии ҶТ расман фаъолияти гурӯҳи “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ эълон карда, онро экстремистӣ ва теруристӣ номид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.