С.Раҳимов: Дар Осиёи Марказӣ бозори захираҳои обӣ метавонад бунёд гардад

Ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ масъалаи дар марҳилаи дарозмуҳлат бунёд кардани бозори захираҳои обӣ дар минтақа метавонад пешниҳод гардад. «То ин дам кишварҳои минтақа ин масъаларо баррасӣ накардаанд, ҳарчанд дар дурнамои дарозмуҳлат он метавонад пешниҳод гардад», – гуфт дар брифинги рӯзи 9-уми август муовини аввали вазири мелиоратсия ва захираҳои обии Тоҷикистон Султон Раҳимов. Раҳимов зикр […]

Пайрав Чоршанбиев


Ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ масъалаи дар марҳилаи дарозмуҳлат бунёд кардани бозори захираҳои обӣ дар минтақа метавонад пешниҳод гардад.

«То ин дам кишварҳои минтақа ин масъаларо баррасӣ накардаанд, ҳарчанд дар дурнамои дарозмуҳлат он метавонад пешниҳод гардад», – гуфт дар брифинги рӯзи 9-уми август муовини аввали вазири мелиоратсия ва захираҳои обии Тоҷикистон Султон Раҳимов.

Раҳимов зикр кард, ки масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи об ба роҳандозии ҳамкориҳо баҳри ба даст овардани фоидаи иловагии иқтисодӣ нигаронида шудааст. «Чун айни замон ҳамкориҳо дар соҳаи об дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар сатҳи зарурӣ қарор надорад, кишварҳои минтақа аз даромади имконпазири иловагӣ маҳруманд. Гузашта аз ин, мушкилоти об зиёни муайяне ба кишварҳо мерсаонад. Дар гузориши Барномаи рушди СММ дар бораи рушди инсонӣ дар соли 2006 гуфта мешавад, ки бинобар сабаби дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани ҳамкориҳо дар соҳаи об, кишварҳои минтақа ҳамасола зиёда аз 1,7 млрд. доллари ИМА-ро аз даст медиҳанд», – иброз дошт муовини вазир.

Бино ба маълумоти Пажуҳишгоҳи байнулмилалии идоракунии захираҳои обӣ (IWWI), тайи 100 соли ахир истеъмоли об 6 маротиба афзуда, соли 2050 боз дучанд зиёд мешавад. Айни замон ба 1 нафар ҳудуди 2,5-3 литр об дар як рӯз рост меояд. Тибқи пешгӯии СММ, соли 2025 аҳолии сайёра аз 5 млрд. то 8,5 млрд. нафар афзуда, мутаносибан боз ҳудуди 6 ҳазор километри мукааб оби тоза зарур аст.

Тибқи маълумоти IWWI, сарфи назар аз ҳудуди 72%-и сатҳи заминро ташкил додани об, тамоми захираҳои он (97%) дар уқёнуси ҷаҳонианд. Ҳудуди 2%-и об дар ях ва пиряхҳои қутбӣ мутамарказ аст. Оби кӯлу дарё ва обҳои зеризаминӣ ҳамагӣ 1%-и оби коршоям барои истифодаи минбаъда бидуни коркарди иловагии технологиро ташкил медиҳанд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои захираҳои ғании оби тоза буда, 2/3 (64%)-и захираҳои обии Осиёи Марказӣ аз қаламрави он сарчашма мегиранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.