Суғд: Беш аз 200 иншоот ба муносибати ҷашни солгарди Истиқлол

Ба муносибати ҷашни солгарди навбатии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор гирифтани 210 иншооти саноатӣ ва иҷтимоӣ дар вилояти Суғд дар назар аст. Дар ин бора зимни суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти имконоти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон, ҳукумати вилоят боз ҳам […]

Аваз Юлдошев


Ба муносибати ҷашни солгарди навбатии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор гирифтани 210 иншооти саноатӣ ва иҷтимоӣ дар вилояти Суғд дар назар аст. Дар ин бора зимни суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти имконоти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон, ҳукумати вилоят боз ҳам зиёдтар мавриди истифода қарор гирифтани иншооти саноатӣ ва иҷтимоӣ дар қаламрави вилоятро пешбинӣ мекунад.

«Дар аксари иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла варзишгоҳи шаҳри Исфара бо 20 ҳазор ҷойи нишаст, кӯдакистони президентӣ дар Хуҷанд, литсей дар шаҳраки Хистеварз ва ғайра  корҳои сохтмон айни замон ба анҷом расиданд», – гуфт Сангинов.

Дар идома ӯ зикр кард, ки дар сохтмони иншооти мазкур ба ҷуз маблағҳои буҷетӣ, маблағҳои соҳибкорони маҳаллӣ низ хароҷот шуда, баъди ба истифода додани онҳо ҳазорон нафар сокинони вилоят бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин карда мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.