Боздошти судяи гарнизони Хуҷанд зимни порадиҳӣ

Судяи гарнизони ҳарбии Хуҷанд зимни порадиҳӣ ба корманди прокуратураи ҳарбӣ бо далели шайъӣ боздошт шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» прокурори ҳарбии вилояти Суғд Сафаралӣ Мирзоев хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, зимни амалиёти муштараки кормандони Раёсати Агентии зиддифасод ва КДАМ-и вилояти Суғд ҳангоми порадиҳӣ дар ҳаҷми 500 доллари ИМА ба корманди прокуратураи ҳарбӣ судяи […]

Мавлуда Рафиева


Судяи гарнизони ҳарбии Хуҷанд зимни порадиҳӣ ба корманди прокуратураи ҳарбӣ бо далели шайъӣ боздошт шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» прокурори ҳарбии вилояти Суғд Сафаралӣ Мирзоев хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, зимни амалиёти муштараки кормандони Раёсати Агентии зиддифасод ва КДАМ-и вилояти Суғд ҳангоми порадиҳӣ дар ҳаҷми 500 доллари ИМА ба корманди прокуратураи ҳарбӣ судяи гарнизони ҳарбии Хуҷанд М.С. дастгир шудааст.

«Ин маблағро судя ба корманди мо барои ҳалли масъала ба нафъи ӯ пешниҳод намудааст. Гап сари он аст, ки ӯ ду нафар (як нафараш хизматчии ҳарбӣ)-ро, ки дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир даст доштанд, аз толори суд озод кард. Прокуратураи ҳарбӣ ба ин ҳукми суд эътироз оварда, сипас судя барои бозпас гирифтани эътироз пора пешниҳод кард», – зикр кард Мирзоев.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки нисбати судяи гарнизони ҳарбии Хуҷанд М.С. мутобиқи моддаи 320, қ. 1-и КҶ ҶТ (Додани пора ба шахси мансабдор ё тавассути миёнарав) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, парванда ҷиҳати баррасии минбаъда ба Сарпрокуратураи ҳарбии ҶТ ирсол гардидааст.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии зиддифасоди вилоят, нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 22 далели (ҳамин давраи соли гузашта – 23 далел) порагирии шахсони мансабдор ва се далели порадиҳӣ ба кормандони Раёсати Агентии зиддифасод ба қайд гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.