Ӯзбекистон то ҳол иштирок дар конфронси Душанберо тасдиқ накардааст

Ҳукумати Ӯзбекистон то ҳол иштироки ҳайаташ дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи обро, ки рӯзҳои 20-22-юми август дар Душанбе доир мегардад, тасдиқ накардааст. Сардори Раёсати созмонҳои байнулмилалии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ Хусрав Нозирӣ дар брифинги имрӯза изҳор кард, ки ба ҷуз Ӯзбекистон, дигар тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ иштироки ҳайатҳояшон […]

Пайрав Чоршанбиев


Ҳукумати Ӯзбекистон то ҳол иштироки ҳайаташ дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи обро, ки рӯзҳои 20-22-юми август дар Душанбе доир мегардад, тасдиқ накардааст.

Сардори Раёсати созмонҳои байнулмилалии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ Хусрав Нозирӣ дар брифинги имрӯза изҳор кард, ки ба ҷуз Ӯзбекистон, дигар тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ иштироки ҳайатҳояшон дар чорабинии мазкурро тасдиқ намудаанд. «То ҳанӯз аз Тошканд посухи расмӣ дар ин бора нарасидааст», – гуфт номбурда.

Нозирӣ зикр кард, ки як қатор кишварҳои Осиёву Африқо дар сатҳи сарони кишварҳову ҳукуматҳо дар кори конфронс иштирок карданианд. «Аз Афғонистон, Таиланд, Кувайт, Мозамбик, Буркина-Фасо ва Қирғизистон посухҳои расмии тасдиқи иштироки ҳайатҳо гирифта шуда, умедворем, ки сарфи назар аз чанде қабл дар Эрон баргузор шудани интихоботи президентӣ ва дар ҳоли ташаккул қарор доштани ҳукумат, ҳайати Эрон дар сатҳи баланд ширкат хоҳад варзид», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Нозирӣ, тақрибан 30 кишвар дар сатҳи вазирон намояндагӣ хоҳанд карда, то ба имрӯз ҳамагӣ 52 кишвар иштироки худро дар Конфронси Душанбе тасдиқ кардаанд. «Зиёда аз 19 мақомоти роҳбарии созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар кори Конфронс иштирок хоҳанд кард. Гузашта аз ин, теъдоди зиёди коршиносон ва олимон аз тариқи торнамои расмии Конфронс бархат (on-line) сабти ном шудаанд. Ин гурӯҳи иштироккунандагон шаҳрвандони 32 кишвари ҷаҳон ва намояндагони муассисаву созмонҳои гуногун мебошанд. Дар маҷмӯъ зиёда аз 800 нафар барои иштирок дар кори Конфронс то ба имрӯз сабти ном шудаанд», – афзуд намояндаи ВКХ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.