Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар қисми ҷанубии пули хиёбони Саъдии Шерозӣ (рӯйи рӯдхонаи Душанбинка), ки ахири моҳи май қатъ гардида буд, барқарор шуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати истифодаи роҳҳои мақомоти шаҳрдории пойтахт Сӯҳроб Мирзоев хабар дод, шурӯъ аз дирӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи қисмати азнавсозишудаи ҷанубии пул оғоз гардида, акнун дар қисмати шимолии пул корҳои таҷдид шурӯъ мешаванд, ки он низ муддати ду моҳ идома меёбад.
«Барои таъмир ва азнавсозии пули мазкур ва роҳҳои вуруд ба он аз буҷети пойтахт 14 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шуд», – иброз дошт вай.
Ба қавли Мирзоев, ба суръатбахшии бештар ба корҳои азнавсозии роҳу пулҳои пойтахт иншооти кӯҳнаи коммуникатсионӣ монеъа эҷод месозанд, ки маъмулан зери роҳҳо сохта шудаанд.
«Дар масъалаи маблағгузорӣ ва таъминот бо масолеҳи сохтмон бинокорони роҳу пулҳо ҳеҷ мушкилие надоранд», – зикр кард намояндаи мақомоти шаҳрдорӣ.
Номбурда изҳори итминон кард, ки корҳои таъмир ва азнавсозии аксари роҳҳои мошингарди пойтахт бо наздикшавии таҷлили ҷашни солгарди навбатии Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон ба итмом хоҳанд расид.



