Беш аз 15%-и нафақахӯрони Душанбе ба низоми нави пардохт гузаштанд

Беш аз 15%-и нафақахӯрони пойтахти Тоҷикистон аллакай ба низоми миллии пардохти «Корти миллӣ» гузаштаанд. Бино ба иттилои Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк», ҷараёни гузаштан ба низоми нав дар ҷаласаи ситоди муштараки воҳидҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва «Амонатбонк» баррасӣ шуд. Дар ҷаласаи ситод зикр гардид, ки механизми иваз намудани кортҳои қаблӣ ба […]

ASIA-Plus


Беш аз 15%-и нафақахӯрони пойтахти Тоҷикистон аллакай ба низоми миллии пардохти «Корти миллӣ» гузаштаанд.

Бино ба иттилои Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк», ҷараёни гузаштан ба низоми нав дар ҷаласаи ситоди муштараки воҳидҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва «Амонатбонк» баррасӣ шуд.

Дар ҷаласаи ситод зикр гардид, ки механизми иваз намудани кортҳои қаблӣ ба кортҳои нави миллӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе аз 1 августи соли равон шурӯъ гардида, низоми мазкур давра ба давра то 25 сентябр дар саросари ҷумҳурӣ амалӣ хоҳад гашт.

Дар «Амонатбонк» таъкид месозанд, ки гузариш ба низоми пардохти миллии «Корти миллӣ» бартариятҳои зеринро дорост: интишор ва фардикунонии кортҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ; истифодабарии васеи шабакаи терминалӣ дар миқёси ҷумҳурӣ; ривоҷи пардохтҳои ғаринақдӣ бо истифода аз кортҳои миллӣ дар ҳама сатҳҳои иқтисодию иҷтимоӣ мувофиқ ба муқаррароти меъёрии дохилиҷумҳуриявӣ ва хусусиятҳои талаботи бозори дохилӣ.

Гуфта мешавад, маълумот оиди мизоҷон ва гардиши маблағҳои пулии аҳолӣ дар дохили мамлакат коркард ва нигоҳ дошта шуда, хафвҳои амалиётии беруна истисно карда мешаванд. Ивази корт ба таври ройгон ба роҳ монда шуда, бақияи суратҳисобҳо бемонеъа ба кортҳои нав интиқол дода мешаванд.

Бино ба иттилои БДА «Амонатбонк», дар 16 шаҳру навоҳии мамлакат пардохти нафақа таавссути корт ба роҳ монда шудааст.

То ахири сол боз дар 11 шаҳру навоҳии кишвар пардохти нафақа тавассути корт роҳандозӣ гардида, дар ин давра ҳудуди 300 ҳазор нафақахӯрон бо кортҳо таъмин карда мешаванд. Имрӯз ҳудуди 255 ҳазор нафақахӯрон бо кортҳои бонкӣ таъминанд.

Дар саросари кишвар айни замон 61 адад банкомат ва 208 адад POS-терминалҳои «Амонатбонк» амал мекунанд.

Шумори нафақахӯрон дар Тоҷикистон 623 ҳазор нафарро ташкил дода, ба ин саф ҳам нафақахӯрони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳам дигар нафақахӯрон шомиланд.

Барои пардохти нафақаи якмоҳа дар Тоҷикистон 123 млн. сомонӣ маблағ хароҷот мешавад, ки 10 млн. сомонии он ба нафақахӯрони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ пардохта мешавад. Феълан ҳаҷми ҳадди ақали нафақа дар кишвар ба 150 сомонӣ баробар аст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.