Гуфтушуниди муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ бо сафири Таиланд

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов имрӯз сафири Шоҳигарии Таиланд дар Тоҷикистон (муқими ш. Остона) ҷаноби Чан Ҷулламонро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва рушди ҳамкории мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Таиланд табодули афкор намуданд. Гуфта мешавад, […]

ASIA-Plus


Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов имрӯз сафири Шоҳигарии Таиланд дар Тоҷикистон (муқими ш. Остона) ҷаноби Чан Ҷулламонро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва рушди ҳамкории мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Таиланд табодули афкор намуданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо инчунин мавзуъҳои сафари расмии қарибулвуқӯи сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра 19-20-уми августи соли 2013 ба Душанбе ва иштироки ҳайъати таиландӣ дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба об (20-21 августи соли 2013)-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.