Ташкили маркази матбуоти Конфронси байналмилалӣ дар БМТ

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки аз 20 то 21-уми августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дар Бонки миллии Тоҷикистон Маркази матбуоти конфронси номбурда ташкил карда мешавад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, барои инъикоси чорабинии мазкур, саривақт дастрас […]

ASIA-Plus


Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки аз 20 то 21-уми августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дар Бонки миллии Тоҷикистон Маркази матбуоти конфронси номбурда ташкил карда мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, барои инъикоси чорабинии мазкур, саривақт дастрас намудани маълумоти кофӣ аз рафти баргузории он ва таҳияи мақолаю гузоришҳо ба рӯзноманигорон дар Маркази матбуот шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда хоҳад шуд.

«Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ метавонанд аз имкониятҳои мавҷудаи Маркази матбуоти ҷаласаи номбурда, аз ҷумла 40 адад компютери нави пайваст бо шабакаи Интернет, 100 нуқтаи дастрасӣ ба шабакаи интернети беноқил (WIFI) ва таҷҳизотҳои дигари зарурии алоқа истифода баранд» – зикр мегардад дар иттилои БМТ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.