Мӯъминобод: Хайрияи Иди Фитр ба камбизоатон тақсим шуд

Рӯзи Иди Фитр дар масҷиди ҷомеи марказӣ ва ду масҷиди намози панҷгонаи ноҳияи Мӯъминобод дар ҳаҷми умумии беш аз 53 ҳазор сомонӣ маблағи хайрияи ибодаткунандагон ҷамъоварӣ шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи умури дини ҳукумати ноҳияи Мӯъминобод Абдурасул Самадов хабар дод, рӯзи ид дар масҷиду дигар макони ибодати ноҳия 11 ҳазору 530 нафар ҳузур […]

Турко Дикаев


Рӯзи Иди Фитр дар масҷиди ҷомеи марказӣ ва ду масҷиди намози панҷгонаи ноҳияи Мӯъминобод дар ҳаҷми умумии беш аз 53 ҳазор сомонӣ маблағи хайрияи ибодаткунандагон ҷамъоварӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи умури дини ҳукумати ноҳияи Мӯъминобод Абдурасул Самадов хабар дод, рӯзи ид дар масҷиду дигар макони ибодати ноҳия 11 ҳазору 530 нафар ҳузур доштаанд.

Ба қавли ӯ, аз маблағи ҷамъоваришуда беш аз 50 ҳазор сомониаш тибқи рӯйхати махсус ба оилаҳои камбизоат тақсим карда шуд.

Қобили зикр аст, ки феълан дар ноҳияи Мӯъминобод 51 масҷиду макони ибодат амал мекунанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.