Коршинос: Амнияти энергетикии «Талко» дар ангишти коксшаванда аст

Директори Пажуҳишгоҳи металлургияи КВД «Талко» профессор Ҳайдар Сафиев бар ин назар аст, ки ҳалли бештар мусоиди масъалаи таъмини амнияти энергетикии истеҳсоли алюминий дар Тоҷикистон бунёди корхонаи кӯҳкорӣ-кимиёвии ғанисозӣ ва коркарди ангишти коксшаванда мебошад. Ба гуфтаи ӯ, яке аз боигариҳои асосии зеризаминии Тоҷикистон конҳои аз нигоҳи сифат нодир ва аз ҷиҳати миқёс бузурги ангишт мебошанд ва […]

ASIA-Plus


Директори Пажуҳишгоҳи металлургияи КВД «Талко» профессор Ҳайдар Сафиев бар ин назар аст, ки ҳалли бештар мусоиди масъалаи таъмини амнияти энергетикии истеҳсоли алюминий дар Тоҷикистон бунёди корхонаи кӯҳкорӣ-кимиёвии ғанисозӣ ва коркарди ангишти коксшаванда мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз боигариҳои асосии зеризаминии Тоҷикистон конҳои аз нигоҳи сифат нодир ва аз ҷиҳати миқёс бузурги ангишт мебошанд ва ин ҷо кони ангишти коксшавандаи Фон-Яғноб ва кони антраситҳои Назар-Айлоқ қобили таъкид аст.

«Бо назардошти мунтазам болоравии нархи сӯзишвории моеъ ва газшакл ва ҳамчунин мушкилоти таъминоти онҳо, дар Ширкати алюминии тоҷик барои таъмини амнияти энергетикӣ истеҳсоли гази синтези аз ангишти маҳаллӣ ба роҳ монда шуда, бо ин мақсад аз Чин дастгоҳҳои тавлиди гази синтезӣ аз ангиштсанг харидорӣ ва насб шуданд», – иброз дошт Сафиев дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс».

Профессор мутмаин аст, ки бунёди корхонаи кӯҳкорӣ-кимиёвии ғанисозӣ ва коркарди ангишти коксшаванда дар заминаи кони «Фон-Яғноб» имкон медиҳад, ки аз 1 млн. тонна ангишт беш аз 0,5 млн. тонна кокси металлургӣ, 300 млн. метри мукааб гази коксӣ ва 30 ҳазор тонна дигар маводи кимиёвии пуразиш истеҳсол гардад.

Ёдрас мекунем, ки баъди аз аввали сол қатъ гардидани интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон, талаботи худро ба сӯзишворӣ «Талко» аз ҳисоби генераторҳои газӣ оид ба тавлиди газ аз ангишти маҳаллӣ рӯйпӯш мекунад.

Алюминии аввалия маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон буда, 70%-и даромади асъории ҷумҳурӣ маъмулан аз ҳисоби он таъмин карда мешавад, аммо ахиран бинобар сабаби камбуди сӯзишворӣ корхона ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалияро тадриҷан коҳиш медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар муқоиса бо соли 2011 соли гузашта истеҳсоли алюминий дар ин корхона ба андозаи 2% коҳиш ёфт. Нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта бошад, тайи 6 моҳи соли равон нишондиҳандаи коҳиш аллакай ба 19% расид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.