Дар қабулгоҳҳои махсуси Маскав 48 нафар тоҷикон боқӣ монданд

Тайи чанд рӯзи ахир шумори шаҳрвандони тоҷик дар қабулгоҳҳои махсуси пулиси шаҳри Маскав аз 106 то ба 48 нафар коҳиш ёфт. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, аз 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки чанде қабл аз лагери мувақкатии Голяново ба қабулгоҳҳо оварда шуда буданд, ду […]

Пайрав Чоршанбиев


Тайи чанд рӯзи ахир шумори шаҳрвандони тоҷик дар қабулгоҳҳои махсуси пулиси шаҳри Маскав аз 106 то ба 48 нафар коҳиш ёфт.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, аз 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки чанде қабл аз лагери мувақкатии Голяново ба қабулгоҳҳо оварда шуда буданд, ду нафарашон аллакай ба ватан фиристода шуданд.

«Ба наздикӣ ҳуҷчатҳои боқимондаашон низ омода гардида, ба Тоҷикистон раҳсипор мегарданд», – иброз дошт номбурда.

Эгамзод таъкид дошт, ки намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав ба кӯмак расонидан ба шаҳрвандони кишвар идома дода, «дирӯз корманди масъули Хадамоти консулгарии сафорат ба муҳоҷирони дар қабулгоҳҳо қарордошта маводи ғизойӣ, лавозимоти гигиенаи шахсӣ ва кӯрпаву кампал бурд».

Намояндаи расмии сафорат хотиррасон намуд, ки дар лагери муваққатии Маскав барои муҳоҷирон дигар шаҳрвандони тоҷик боқӣ намондаанд. «Ҳамаи онҳоро мо ба Маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Маскав гузаронидем ва пас аз омодасозии ҳуҷҷатҳо аз ҳисоби буҷети федералии Русия онҳо ба ватан фиристода мешаванд», – иброз дошт вай.

Ӯ ҳамчунин изҳор кард, ки дар лагери муваққатӣ барои муҳоҷирони Голяново то ҳанӯз ҳудуди 300 нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз кишварҳои гуногун боқӣ мондаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.