Искандари Фирӯз ба журналистика бармегардад

Журналисти хадамоти тоҷикии хабаргузории Би-Би-Сӣ Искандари Фирӯз ояндаи наздик ба кор бармегардад. Ба гуфтаи журналист, муддати ду ҳафтаи ахир ӯ дар дармонгоҳҳои беҳтарини шаҳри Теҳрон табобат гирифтааст. «Гуфтан кофист, ки рӯзҳои ахир ман мустақилона бидуни асобағал роҳ гашта метавонистам, аммо аз беэҳтиётии худам боз дар хона афтида, бо лангет мегардам», – иброз дошт ӯ. Журналист […]

Меҳрангез Турсунзода


Журналисти хадамоти тоҷикии хабаргузории Би-Би-Сӣ Искандари Фирӯз ояндаи наздик ба кор бармегардад. Ба гуфтаи журналист, муддати ду ҳафтаи ахир ӯ дар дармонгоҳҳои беҳтарини шаҳри Теҳрон табобат гирифтааст.

«Гуфтан кофист, ки рӯзҳои ахир ман мустақилона бидуни асобағал роҳ гашта метавонистам, аммо аз беэҳтиётии худам боз дар хона афтида, бо лангет мегардам», – иброз дошт ӯ.

Журналист ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон барои ташкили ин сафар миннатдории беҳад зиёд изҳор намуд.

Қобили зикр аст, ки санаи 9-уми октябр Искандари Фирӯз дар садамаи нақлиёт ҷароҳатҳои беҳад вазнини ҷисмонӣ бардошта, муддати як моҳ дар Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) беҳуш хобида буд.

Ҳодисаи садамаи нақлиёти мазкурро вазири корҳои дохилии тоҷикистон Рамазон Раҳимов зери назорати шахсӣ гирифта буд. Суди ноҳияи Синои пойтахт гунаҳкори садамаи нақлиётро ба 3,3 соли «колония сукунат» маҳкум кард. Ҳамчунин бо ҳукми суд ӯ мебоист ба И.Фирӯз дар ҳаҷми 125 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт мекард, вале то ҳанӯз ин маблағро напардохтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.