Ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ ҳудуди 3 млрд. $ дар 7 моҳ

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июли соли равон беш аз 2,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 4 % ё худ 96,4 млн. доллари ИМА бештар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили зиёда аз 1,5 […]

ASIA-Plus


Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июли соли равон беш аз 2,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 4 % ё худ 96,4 млн. доллари ИМА бештар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили зиёда аз 1,5 млрд. доллари ИМА шудааст. Дар ин давра Тоҷикистон бо 95 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва 85 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ ҳаҷми содироти мол 692,1 млн. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи моҳҳои соли гузашта 10,7%  ё худ 82,9 млн. $ камтар мебошад. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми ҳудуди 2 млрд. 250 млн. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта ба андозаи 9,5% ё худ 195,6 млн. $ зиёдтар аст.

Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилоти мол дар ин давра Русия буда, ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар бо он зиёда аз 532 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Қазоқистон – каме бештар аз 381 млн. $, Туркия – беш аз 351 млн. $ ва Чин – беш аз 345 млн. $-ро ташкил дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.