Э.Раҳмон сафири пешинаи Русияро ба ҳузур пазируфт


Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сафири Русия Юрий Поповро бинобар анҷом ёфтани муҳлати сафириаш дар ҷумҳурии мо ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ар мулоқот доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории бисёрпаҳлӯи Тоҷикистону Русия табодули назар карда шуд.

Юрий Попов изҳор дошт, ки минбаъд низ барои рушди бемайлони робитаҳои неки ду кишвари дӯст саҳми худро дареғ нахоҳад дошт.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи августи соли равон Игор Лякин-Фролов сафири нави Русия дар Тоҷикистон таъин гардид.

spot_imgspot_img

Популярное