Ирсоли даъвои зиёиён нисбати газетаи «Азия-Плюс» ва О.Тутубалина ба суд

Даъвои намояндагони зиёиёни ҷумҳурӣ нисбати газетаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина ба суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе пешниҳод гардида, акнун шумори даъвогарон аз шаш ба ҳашт даъвогар зиёд шуд. Намояндагони зиёиён аз суд дархост кардаанд, ки аз ҷавобгар ва ҳамҷавобгар, ки муҳаррири газета О.Тутубалина аст, барои расонидани зарари маънавӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ […]

ASIA-Plus


Даъвои намояндагони зиёиёни ҷумҳурӣ нисбати газетаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина ба суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе пешниҳод гардида, акнун шумори даъвогарон аз шаш ба ҳашт даъвогар зиёд шуд.

Намояндагони зиёиён аз суд дархост кардаанд, ки аз ҷавобгар ва ҳамҷавобгар, ки муҳаррири газета О.Тутубалина аст, барои расонидани зарари маънавӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ ситонида шавад. Даъвогарон итминон медиҳанд, ки маблағи ситонида ба хонаҳои кӯдакон ба сифати хайрия супурда мешавад.

Даъвогарон ҳамчунин таъини ташхиси судии лингвистӣ ва ҷиҳати таъмини даъво ҳабси амволи манқул ва ғайриманқули Олга Тутубалинаро низ хоҳиш карданд.

Даъвогарони асосӣ Академияи улуми ҶТ ва Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон ва ҳамдаъвогарон, Иттиҳоди рассомон, Иттиҳоди оҳангсозон, Иттиҳоди меъморони Тоҷикистон, номзади улуми тиббӣ, корманди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Дилбар Абдиева, профессори улуми таърих Аскаралӣ Раҷабов ва шоир Ҳикмат Раҳматов нишон дода шудаанд.

««Ба назари мо, мақолаи мазкур шарафи касбии гурӯҳи калони одамон, яъне гурӯҳи иҷтимоиеро бо шумули ашхоси касбии ба заҳмати зеҳни машғулбуда ва онҳое, ки барои чунин заҳмат маълумоти лозимаро доро мебошанд (муҳандисон, кормандони техникӣ, табибон, омӯзгорон, ҳуқуқшиносон, кормандони илм ва санъат, ходимони давлатӣ) халалдор месозад», – зикр мегардад дар аризаи даъвогӣ.

Намояндагони аҳли зиё ҳамчунин илова кардаанд, ки Тутубалина дар мақолаи худ зиёиёнро чун наҷосат (говно) таъриф додааст, ки асоси воқеӣ надорад. «Тавре аз «Фарҳанги бузурги забони русӣ» бармеояд, калимаи «наҷосат» дар маҷмӯъ вақте калимаи «интеллигенция» истифода мегардад, маъниҳои зеринро ифода мекунад ва хонандаҳо мафҳуми ин калимаро чунин дарк карда метавонанд: (исми шумурданашаванда) ашёи гуногун, махсусан чизҳои нолозим, бемавриду нохуб ва ё ашёе, ки ба шахси дилнокаш тааллук доранд. Масалан: Наҷосати худро аз гаражи ман бигир! (Забирай свое  говно из моего гаража!)», – шарҳ додаанд даъвогарон.

Онҳо исрор меварзанд, ки чунин ақидаи Тутубалина шарафу эътибор ва нуфузи касбии гурӯҳи калони иҷтимоии одамонро паст зада, ба зиёни маънавӣ, азоби рӯҳӣ ва зарари ашхоси ҳуқуқӣ, аз ҷумла даъвогарон сабаб гаштааст.   Бар замми ин, онҳо бар он назаранд, ки Тутубалина дар маводи худ суханони В. Ленинро дар шакли нодурусту таҳрифшуда овардааст.    

«Пас аз нашри матлаб чанде аз шарикони кории мо як қатор гуфтушунидҳои дуҷонибаро бинобар сабаби изҳороти таҳқиромез нисбати зиёиёни тоҷик мавқуф гузошта, зимни вохӯриҳои ғайрирасмӣ аз нашри ин матлаб изҳори тааҷҷуб карданд. Ҳамчунин зимни шиносоӣ бо мақола Д.Абдиева, А.Раҷабов ва Ҳ.Раҳмат азобҳои шадиди маънавиву қалбиро эҳсос намуданд», – гуфта мешавад дар даъво.

Дар ин робита даъвогарон аз суд дархост кардаанд, ки газетаи «Азия-Плюс» ва муаллифи матлаб  Олга Тутубалинаро ба инкори маълумоти пастзанадаи шаъну эътибор, маъзарат хостан барои нашри матлаб, таъини ташхиси судии лингвистӣ,  рӯёнидани ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ аз газета ва муаллифи матлаб барои зарари маънавӣ ва ҳабси амволи манқул ва ғайриманқули Олга Тутубалина уҳдадор созад.

Дар ҳамин ҳол, суд аз ҷавобгар ва ҳамҷавобгар дархост намуд, ки сани 19-уми август ба ҷаласаи пешакии судӣ ҳозир шаванд. Аз манфиатҳои ҷавобгарон дар суд ҳуқуқшинос Иноят Иноятов ҳимоят хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки авали моҳи июн 10 иттиҳодияи эҷодии Тоҷикистон ният доштанд, ки барои ибрози андешаи шахсӣ дар матлаби «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» (Неинтелегентно об интеллигенции) аз болои муҳаррири газетаи «Азия-Плюс» ба суд шикоят баранд.

Дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ изҳор кард, ки агар Тутубалина андешаи худро танҳо дар мавриди ба ватан баргаштани шоир Бозор Собир иброз медошт, дигар намояндагони зиёин инро таҳқир намешуморилданд ва ҳеҷ касе ҳам ба суд шикоят карданӣ набуд.

Нахуст

5-уми июл

намояндагони зиёиён нисбати муҳаррири газетаи «Азия-Плюс» Олга Тутубалина ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ариза даъвогӣ пешниҳод намуда буданд, вале пас аз омӯзиши он суд ба хулоса расид, ки ин баҳси ҷонибҳо

ба салоҳияи суди иқтисодӣ дахл надорад.

Дар нишасти матбуотии рӯзи 11-уми июл ноиби президенти Академияи улуми Тоҷикистон

Кароматулло Олимов

вобаста ба қазияи даъвои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ нисбат ба О.Тутубалина изҳор карда буд, ки зимни таҳияи мавод ӯ мебоист фарҳанги мардуми тоҷикро ба инобат гирад ва ҳамзамон фаромӯш намесохт, ки меъёрҳои дар Ғарб ҷоизбуда наметавонанд ба меъёрҳои мардуми Шарқ мутобиқ бошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.