Иштироки 7 муовини Дабири кулли СММ дар Конфронси Душанбе

То имрӯз наздики 70 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид иштироки ҳайатҳояшон дар Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи обро, ки рӯзҳои 20-21-уми август доир мегардад, тасдиқ намуданд. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҳайатҳои кишварҳо нахуствазирон, вазирон ва дигар шахсони расмии воломақом ҳузур доранд. Ба иттилои манбаъ, аз […]

Аваз Юлдошев


То имрӯз наздики 70 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид иштироки ҳайатҳояшон дар Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи обро, ки рӯзҳои 20-21-уми август доир мегардад, тасдиқ намуданд.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҳайатҳои кишварҳо нахуствазирон, вазирон ва дигар шахсони расмии воломақом ҳузур доранд.

Ба иттилои манбаъ, аз низоми СММ иштироки 7 муовини Дабири кулли СММ бо шумули роҳбарони Бунёди маориф, илм ва фарҳанги СММ (ЮНЕСКО), Барномаи рушди СММ, Комиссияи иқтисодии Аврупо, Созмони ҷаҳонии метеорологӣ, Бонки ҷаҳонӣ ва ғайра дар назар аст.

Гуфта мешавад, дар кори конфронс ҳамчунин роҳбарони ва намояндагони созмонҳои байнулмилаливу минтақавие чун ИДМ, САҲА, СҲШ, Созмони конфронси исломӣ (СКИ), Хартияи энергетикӣ, Шӯрои ҷаҳонии об ва ғайра низ ширкат меварзанд. Шумори иштирокчиёни конфронс дар маҷмӯъ беш аз 900 нафарро ташкил хоҳад дод.

Дар маросими ифтитоҳи кори конфронс президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.