Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), муовини мудири Барномаи рушди СММ хонум Ребека Гринспанро, ки ба Тоҷикистон барои омодасозии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба об ва иштирок дар он ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, хонум Ребека Гринспан доир ба муносибати Тоҷикистон ба ин ҳамоиши муҳими глобалӣ, ки дар доираи чорабиниҳои “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” баргузор мегардад, таассуроти худро баён дошта, ба сатҳи омодагиҳо баҳои баланд дод. Ӯ ҳамчунин сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишварро бо дастовардҳои намоёни рушд, аз ҷумла дар соҳаи маориф ва коҳиш додани сатҳи камбизоатии аҳолӣ табрик гуфт.
Ребека Гринспан, аз ҷумла изҳор дошт: “Мо пешсафию пешоҳангии Шумо, муҳтарам Президент ва кишвари шуморо дар татбиқи Ҳадафҳои рушди Ҳазорсола бори дигар тайид менамоем зеро Шумо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воқеъ дар ҳаллу фасли масоили глобалии вобаста ба рушд, хусусан дар соҳаи об пешвоед”.
Бо ишора ба мушкилоти ҷумҳурии мо дар самти таъминот бо нерӯи барқ Хонум Гринспан таъкид дошт, ки барои татбиқи иқдоми Дабири кулли СММ – “Энергияи устувор барои ҳама” низ Тоҷикистон кишвари пилотӣ (озмоишӣ) пазируфта шудааст ва изҳори боварӣ намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ кумаку дастгирии худро барои бартараф намудани ин мушкилӣ дареғ намедорад.
Хотиррасон гардид, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба об беш аз 900 нафар сиёсатмадорон ва олимону коршиносони бахшҳои гунгогуни вобаста ба об ва ҳифзи муҳити зист аз зиёда аз 70 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои сершумори байналмилалию минтақавӣ иштирок хоҳанд дошт. Танҳо аз СММ ҳафт муовини Дабири кулли он ва мутахассисону масъулони сершумори дигар ба шаҳри Душанбе ташриф меоранд.
Сарвари давлати Тоҷикистон изҳор дошт, ки “ноил гаштан ба ҳадафҳои рушди устувор ҳамкории босамарро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла бо сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид тақозо мекунад”.
Президенти кишвар зимнан ба ҳамкории ниҳодҳои СММ, аз ҷумла Барномаи рушди он бо Тоҷикистон баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки робитаҳои судбахши ду ҷониб минбаъд густариши бештар пайдо мекунанд.



