Нақби «Чормағзак» ба ифтитоҳ омодагӣ мегирад

Имрӯзҳо мутахассисони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои ифтитоҳи нақби «Чормағзак»-ро ба сомон мерасонанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҶТ хабар доданд, маросими мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Чормағзак» моҳи сентябри соли равон, дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи истиқлолият ва эҳтимоли иштироки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст. «Тамоми корҳо ба иҷро […]

Заррина Эргашева


Имрӯзҳо мутахассисони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои ифтитоҳи нақби «Чормағзак»-ро ба сомон мерасонанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҶТ хабар доданд, маросими мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Чормағзак» моҳи сентябри соли равон, дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи истиқлолият ва эҳтимоли иштироки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

«Тамоми корҳо ба иҷро расида, имрӯз барои пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор додани нақб ҳеҷ мушкилоте мавҷуд нест», – иттилоъ додани мутахассисони вазорат, ки айни замон дар нақб қарор доранд.

Қобили зикр аст, ки сохтмони нақби «Чормағзак» бахори соли 2010 оғоз гардид. Нақб мувофиқи лоиҳаи муштараки Тоҷикистиону Чин дар доираи амалисозии лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара бунёд гардид.

Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани нақб, масофаи роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб дар муқоиса бо масофаи роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб 100 километр наздиктар мешавад.

Мувофиқи лоиҳа, дарозии нақб 4 ҳазору 450 метрро ташкил медиҳад. Барои таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара ва сохтмон нақби «Чормағзак» дар ҳаҷми 630 млн. сомонӣ (143 млн. $) воситаҳои қарзии ҳукумати Чин масраф гардид. Паймонкори кулли сохтмони иншоот ширкати чинии China Road аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.