Жанторо Сотиболдиев-нахуствазири Қирғизистон, 20-уми август бо сафари расмии дурӯзааш аз Тоҷикистон боздид мекунад.
Тавре рӯзи ҷумъа дар як ҷаласаи таваҷҷӯҳӣ дар ВКХ-и ҶТ иттилоъ доданд, 20-уми август Ж. Сотиболдиев бо нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов мулоқот мекунад.
Ҳамчунин барпо кардани мулоқот дар ҳайати густарда дар нақша аст.
То охири рӯз, баъд аз гузоштани гулчанбар дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ, сарвазири Қирғизистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид мекунад.
21-уми август Эмомалӣ Раҳмон Сотиболдиевро ба ҳузур мепазирад ва баъд аз ин сарвазири қирғиз ба ватанаш бармегардад.



