Воридоти автомобилҳо ба Тоҷикистон қариб сеяк маротиба афзуд

Дар зарфи  ҳафт моҳи соли равон ба Тоҷикистон 34 ҳазор автомобил ворид шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2012 ба ҳашт ҳазор ё ба 31% бештар аст. Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон иттилоъ доданд, маблағ аз воридоти автомобилҳо 136 миллион долларо ташкил додааст, ки нисбати нишондоди соли гузашта 32 миллион доллар […]

Зарина Эргашева



Дар зарфи  ҳафт моҳи соли равон ба Тоҷикистон 34 ҳазор автомобил ворид шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2012 ба ҳашт ҳазор ё ба 31% бештар аст.

Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон иттилоъ доданд, маблағ аз воридоти автомобилҳо 136 миллион долларо ташкил додааст, ки нисбати нишондоди соли гузашта 32 миллион доллар бештар аст.

Дар Хадамот иттилоъ надоданд, ки аз ин теъдод чӣ қадар автомобилҳо соли бароришашон аз панҷ сол зиёд нест.

«Тибқи омор, тағйироте, ки аввали соли ҷорӣ ба тартиби воридоти воситаҳои нақлиёт ба Тоҷикистон дохил карда шуд, ба вуруди воситаҳои нақлиётӣ ҳеҷ таъсир нарасонид, баръакс тамоюли устувори афзоиши воридоти мошинҳо мушоҳида мешавад»,-зикр кардан дар ин ниҳод.

Тартиби воридоти автомобилҳо дар Тоҷикистон шурӯъ аз 1-уми феврали соли 2013 тағйир ёфт. Тибқи тартибу низоми қаблие, ки аз соли 2008 амал мекард, автомобилҳои нав аз рӯйи тартиби имтиёзнок ворид мешуданд, ки тибқи он пардохти гумрукӣ аз ҳаҷми муҳаррики  автомобил вобаста буд. Ин буд, ки пардохти боҷи гумрукӣ барои автомобилҳои нав арзонтар меафтод, лекин аз ин тартиб  ба таври хусусӣ фақат маротибае дар як сол истифода мешуд.

Аммо вақте маълум гашт, ки бо тартиби мазкур воридсозии автомобилҳои гаронарзиш бо шиносномаҳои шаҳрвандоне шурӯъ шуд, ки дар амал соҳибони ин мошинҳо набуданд,  тартиби имтиёзнок бекор карда шуд.

Аз ин ба баъд кулли воситаҳои нақлиёт ба Тоҷикистон тибқи низоми умумӣ ворид мегарданд. Аснои пардохти боҷи гумрукии автомобил мебояд 18% андоз аз арзиши иловашуда, 5% боҷи гумрукӣ ва 10% андози актсизиро пардохт кард. Агар муҳлати барориши мошин аз панҷ сол зиёд бошад, он гаҳ арзиши боҷи гумрукӣ ба 7% баробар мешавад.

Тибқи омори гумрукӣ, ҳаққи автомобилҳои воридшавнада аз тариқи низоми имтиёзнок дар қиёс бо автомобилҳое, ки аз тариқи низоми умумӣ ворид шудаанд, чандон зиёд набудааст: соли 2008 94,1 ҳазор автомобил ворид карда шудааст. Аз онҳо 14,5 хазораш аз тариқи низоми имтиёзнок ва 79,6 ҳазораш аз тариқи низоми умумӣ ворид гардидаанд.

Соли 2009 воридот 38 ҳазору 100 автомобилро ташкил дода, аз онҳо 3,4 ҳазораш аз тариқи низоми имтиёзнок ва 34,7 ҳазорат аз рӯйи тартиби умумӣ ворид шудаанд.

Соли 2010 воридоти умумии воситаҳои нақлиёт 34,2 ҳазорро ташкил додааст. Аз онҳо 1 ҳазору 853-тояш аз тариқи низоми имтиёзнок ва 32,4 ҳазор бо низоми умумӣ ворид гардидаанд.

Соли 2011 воридоти воситаҳои нақлиёт 39 ҳазору 69 мошинро ташкил дод, ки аз онҳо 3,9 ҳазораш бо низоми имтиёзнок ва 35,7 ҳазораш бо низоми умумӣ ворид шуданд.

Соли 2012 воридот 51 ҳазору  80 автомобилро ташкил дода, аз онҳо 5,5 ҳазораш аз тариқи низоми имтиёзнок ва 45 ҳазору 75 автомобил бо низоми умумӣ ворид гаштаанд.

Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, арзиши миёнаи автомобилҳои аз тариқи низоми умумӣ воридшуда, то  3 ҳазор доллар ва арзиши миёнаи автомобилҳое, ки аз тариқи низоми имтиёзнок ворид гаштаанд, 13 ҳазору 500 долларо ташкил додаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон тариқи хати CASA-1000 тобистони соли оянда оғоз мешавад

Инро намояндагони ширкати паймонкори қитъаи афғонистонии хатти интиқоли барқи байниминтақавӣ ваъда медиҳанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.