Дар Тоҷикистон коҳиши нархҳо ба гандум ва орд пешгӯи мешавад

Тибқи пешгӯии таҳлилгарони Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар давоми моҳҳои оянда дар Тоҷикистон кохиши андаки нархҳо ба гандум ва орди гандумии махаллӣ интизор меравад. Тавре дар гузориши «Мониторинг» ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» зикр мегардад, поин фаромадани нархҳо, албатта, бо ҷамъоварии ҳосили ғалла ва афзоиши чашмдошти воридот аз Қазоқистон баъд аз ҷамъоварии ғалла […]

Азия-Плюс


Тибқи пешгӯии таҳлилгарони Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар давоми моҳҳои оянда дар Тоҷикистон кохиши андаки нархҳо ба гандум ва орди гандумии махаллӣ интизор меравад.

Тавре дар гузориши «Мониторинг» ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» зикр мегардад, поин фаромадани нархҳо, албатта, бо ҷамъоварии ҳосили ғалла ва афзоиши чашмдошти воридот аз Қазоқистон баъд аз ҷамъоварии ғалла дар нимаи дуввуми соли ҷорӣ, алоқамандӣ дорад.

Зикр карда мешавад, ки нархҳо ба гандум ва орди гандумӣ моҳи июн устувор буданд ё ки дар робита бо ҳаҷми басандаи истеҳсоли ватанӣ ва воридот аз Қазоқистон коҳиш ёфтанд.

«Сарфи назар аз ин, дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз Қазоқистон қариб 300 ҳазор тонна гандум ворид карда шудаанд, ки 13% нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли 2012 пастар аст»,-таъкид мегардад дар ҳисобот.

Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати ҶТ, нархҳо ба орд дар ҷумҳурӣ дар нимаи аввали соли ҷорӣ тақрибан 15% поин рафтаанд.

Дар Вазорат иброз доштанд, ки дар давоми соли ахир истеҳсоли ватании гандум дар Тоҷикистон афзудааст. Агар дар нимсолаи аввали соли сипаригашта дар ҷумҳурӣ 372 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ шуда бошад, он гаҳ январ-июни соли ҷорӣ 479 ҳазор тонна рӯёнида шудааст.

Афзоиши истеҳсоли дохилӣ ба коҳиши воридоти орд боис шуд. Дар зарфи шаш моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ 103 ҳазор тонна орд ворид гардидааст, ки ба 87 ҳазор тонна нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар аст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон тариқи хати CASA-1000 тобистони соли оянда оғоз мешавад

Инро намояндагони ширкати паймонкори қитъаи афғонистонии хатти интиқоли барқи байниминтақавӣ ваъда медиҳанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.