Муовини Дабири кулли СММ аз Кӯлоб боздид кард

Муовини Дабири кулли СММ Ребека Гринспен 17 август озими шаҳри Кӯлоб шуд. Мавсуф барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки 20-21 августи 2013 дар Душанбе баргузор мегардад, ба Тоҷикистон ташриф овардааст. Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» раҳбари дафтари Барномаи рушди СММ дар шаҳри Кӯлоб Абдулло Гулов иттилоъ дод, сафари […]

Турко Дикаев



Муовини Дабири кулли СММ Ребека Гринспен 17 август озими шаҳри Кӯлоб шуд. Мавсуф барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки 20-21 августи 2013 дар Душанбе баргузор мегардад, ба Тоҷикистон ташриф овардааст.

Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» раҳбари дафтари Барномаи рушди СММ дар шаҳри Кӯлоб Абдулло Гулов иттилоъ дод, сафари меҳмони воломақом беҳуда нест.

Ба қавли ӯ, дар давоми 17 соли фаъолияти ин дафтар дар Кӯлоб, тавассути Барномаи рушди СММ беш аз 500 лоиҳа ва тарҳҳои муштарак дар минтақаи Кӯлоб ба маблағи умумии бешт аз 10 миллион доллар татбиқ шудаанд.

Мавсуф зикр кард, ки Гринспен аз корхонаи бетонмайдакунӣ шахсан боздид мекунад. Номбурда ҳамчунин афзуд, ки зимни вохурӣ дар дафтари UNDP иқдомоти эҳтимолии минбаъда дар минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин Гринспен бо шаҳрдори Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов доир ба лоиҳаҳои эҳтимолӣ дар соҳаи коҳиши хатароти офатҳои табиӣ ва   сарфаи об ҳам гуфтушунид анҷом доданд.

Гринспен дар ҷараёни сафараш ҳамчунин ба зиёрати мақбари файласуф ва фақеҳи бузург Мир Саид Алии Ҳамадонӣ азм кард. Лозим ба қайд аст, ки ин меҳмони воломақомро дар сафар ноиби сарвазири кишвар Руқия Қурбонова ҳамраҳӣ кард. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.